ТАЛКО ба истихроҷи тилло дар ноҳияи Айнӣ шурӯъ мекунад

Ояндаи наздик Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди тилло дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шурӯъ мекунад. Директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод, ки корхона дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд сохта мешавад. Роҳбари ҶСП “Талко Голд” ба раиси вилоят иттилоъ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ояндаи наздик Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди тилло дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шурӯъ мекунад.

Директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дод, ки корхона дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд сохта мешавад.

Роҳбари ҶСП “Талко Голд” ба раиси вилоят иттилоъ дод ки корҳои сохтмонии корхона дар ноҳияи Айнӣ рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Анҷоми корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба нақша гирифта шуда, аввали соли 2020 истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда мешавад. Дар назар аст, ки дар корхонаи бунёдшаванда беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шаванд.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «ТАЛКО Голд» корхонаи фаръии Ширкати алюминии тоҷик мебошад. Барои коркарди як гурӯҳи конҳои тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд ширкат аввали соли 2016 иҷозатнома гирифта буд.

Ҳанӯз моҳи июни соли 2015 ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО»-ро қабул кард. Дар чаҳорчӯби ин барнома, раҳбарияти ширкат ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Моҳи декабри ҳамон сол ширкат иҷозатнома гирифт, ки мувофиқи он ба ТАЛКО барои истифода аз ин конҳо дар муддати 25 сол ҳуқуқ дода шуд. Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд.

Охири соли гузашта ТАЛКО иттилоъ дод, ки соли 2018 ба коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шурӯъ карданист. «Корҳои амалисозии ин лоиҳаи сармоягузорӣ соли 2017 идома ёфта, аммо барои оғози коркарди конҳо, як тартибу расмиёти муайнеро бояд анҷом дод, ки вақти зиёдро тақозо мекунад», – гуфта буданд дар ТАЛКО.

Айни замон ширкати бритониёии Micon International Ltd. ба арзёбии захираи конҳо, ки ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ кашф шуда буданд, машғул аст.

«Соли 2018 оғози корҳои истихроҷу ғанисозӣ (истеҳсол)-и тиллову нуқра ва сурма ба нақша гирифта шудааст», – таъкид дошта буданд дар ширкат.

Ҳамзамон ТАЛКО ба дарёфти шарикони муносиб барои маблағгузории муштарак ба ин лоиҳаи бузургмиқёс низ машғул аст.

«Шариконе, ки ба мо ҳамкорӣ пешниҳод мекунанд, пеш аз ҳама ба металлҳои мушаххас, яъне тиллову нуқра таваҷҷуҳ доранд, – иброз доштанд дар ТАЛКО. – Аммо дар ин конҳо металлҳои дигари гаронарзиш, аз ҷумла селен низ вуҷуд доранд, ки ба гунаи мисол, 1 грамм селен 37 ҳазор доллар нарх дорад. Аз ин рӯ, ин металлҳоро мо сарфи назар нахоҳем кард. Бинобар ин, корҳо каме ба дарозо мекашад».

Тибқи ҳисобу китоби пешакии ТАЛКО захираҳои тилло дар ин конҳо – 55 тонна ва нуқра ҳудуди 44 тоннаро ташкил дода, ширкат коркарди то 900 тонна маъдан дар як солро дар назар дорад. Ғайр аз ин, дар қаламрави конҳо боз 184 тонна захираи симоб, 268 ҳазор тонна сурма, 205 ҳазор тонна флюорит ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуданд.

Қобили зикр аст, ки грӯҳи конҳои Канчоч аз се иншоот: Чӯлбой (тилло ва нуқра), Канчоч (тилло, нуқра, симоб, флюорит) ва Шаҳкон (тилло, сурма, маргимуш (арсен, элементики миёвӣ), флюорит) иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.