Дар яке аз донишгоҳҳои Туркия нақши Конститутсияро дар давлатдорӣ ва истиқлоли Тоҷикистон ба баҳс кашиданд

Иттилояи расмӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, ки бо ибтикори ин ниҳод дар Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара ба ифтихори “Рӯзи Конститутсия”-и Тоҷикистон нишасти ҳошияӣ доир шудааст.

Ин нишаст дар мавзуъи «Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, нақши Конститутсия ва давлатдорӣ» доир шуда дар он коршиносони ин донишгоҳ, аз ҷумла Судяи Суди Конститутсионӣ Бурак Фират, Проффесорог Oғузҳан Дурмуш, Ҳасан Таҳсин Фендоғлу, доктор Мерям Ҳаким ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Анкара, иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов “вобаста ба нақши Конститутсия дар даврони истиқлолият, ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ ба ҳозирин маълумот дод”.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин ҳамоиш намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба намоиши ҳозирин гузошта шуд. Донишҷӯ ва унвонҷӯёни донишгоҳҳои Анкара имкон ёфтанд, ки дар мавриди таърихи халқи тоҷик аз ин китобҳо, ки бо забонҳои форсиву англисӣ нашр шудаанд, барои худ маълумоти лозимро дарёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...