Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хидматрасонии рақамӣ мегузаранд

Барномасоз Рахматшо Бахтиёров портали донишҷӯии student.tj-ро таҳия кардааст. Он ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки хидматҳои худро комилан рақамӣ кунанд, аз ҷумла тадриҷан аз ҳуҷҷатҳои коғазӣ даст кашанд. То имрӯз ба ин иқдом Донишгоҳҳои тиббӣ ва аграрӣ, Колееҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, инчунин Коллеҷҳои тиббии Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайвастаанд. Портали student.tj на танҳо як рӯзномаи […]

Ҷамшед Ҳусаинов, махсус барои Asia-Plus

Барномасоз Рахматшо Бахтиёров портали донишҷӯии student.tj-ро таҳия кардааст. Он ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки хидматҳои худро комилан рақамӣ кунанд, аз ҷумла тадриҷан аз ҳуҷҷатҳои коғазӣ даст кашанд.

То имрӯз ба ин иқдом Донишгоҳҳои тиббӣ ва аграрӣ, Колееҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, инчунин Коллеҷҳои тиббии Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайвастаанд.

Портали student.tj на танҳо як рӯзномаи электронист, балки журнали давомот ва ҷадвали дарсҳо низ мебошад. Он ҳамчунин ба таҳсили фосилавӣ ва санҷиши тести имтиҳонӣ имкон дода, рейтинги омӯзгорону донишҷӯёнро дар бар мегирад, ки ба гуфтаи Раҳматшо, албатта, онҳоро ба ҳамкориҳои судманд ҳавасманд месозад.

Ояндаи наздик дар дохили портал роҳандозии чати (майдони гуфтугӯ)-и ҷумҳуриявӣ дар назар аст, ки имкон медиҳад он як шабакаи хурди иҷтимоии донишҷӯён ҳисобида шавад. Ҳоло чат танҳо ба ҳайати профессорону омӯзгорон дастрас аст.

Ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо Dushanbe City Донишгоҳи тиббӣ дар ҷараёни гузариш ба хидматрасониҳои рақамӣ ба ҳамаи донишҷӯён ба ивази корти донишҷӯӣ, ки боз ба сифати корти нақлиёт низ истифода мешаванд, кортҳои электронии донишҷӯӣ бо QR-рамз (код) дод.

Ба гуфтаи таҳиягари сомона, рӯйи портал як дастаи мукаммал кор мекунад. Онҳо ба Донишгоҳи тиббӣ хидматрасонӣ пешниҳод намуда, посухи мусбат гирифтанд ва ба бозори таълиму омӯзиш мустақилона роҳ ёфтанд.

“Сомона мудом дар ҳоли рушд қарор дошта, ояндаи наздик ба иқдоми мазкур дигар макотиби олии ватанӣ низ ҳамроҳ мешаванд”, – умедвор аст Раҳматшо.

Раҳматшо Бахтиёров соли 2011 ширкати “Аҷоибот”-ро таъсис дода, дар доираи он лоиҳаҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.  Чанд сол пеш ӯ тасмим гирифт, ки барои донишҷӯён як сомона таҳия кунад. “О замон фикре доштам, ки ба кишвар нафъе расонам. Соҳаи маориф бошад, имкони беҳтарин барои расидан ба ин мақсад аст”, – мегӯяд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.