Дар яке аз донишгоҳҳои Туркия нақши Конститутсияро дар давлатдорӣ ва истиқлоли Тоҷикистон ба баҳс кашиданд

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, ки бо ибтикори ин ниҳод дар Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара ба ифтихори “Рӯзи Конститутсия”-и Тоҷикистон нишасти ҳошияӣ доир шудааст. Ин нишаст дар мавзуъи «Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, нақши Конститутсия ва давлатдорӣ» доир шуда дар он коршиносони ин донишгоҳ, аз ҷумла Судяи Суди Конститутсионӣ Бурак Фират, Проффесорог Oғузҳан Дурмуш, Ҳасан […]

Иттилояи расмӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, ки бо ибтикори ин ниҳод дар Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара ба ифтихори “Рӯзи Конститутсия”-и Тоҷикистон нишасти ҳошияӣ доир шудааст.

Ин нишаст дар мавзуъи «Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, нақши Конститутсия ва давлатдорӣ» доир шуда дар он коршиносони ин донишгоҳ, аз ҷумла Судяи Суди Конститутсионӣ Бурак Фират, Проффесорог Oғузҳан Дурмуш, Ҳасан Таҳсин Фендоғлу, доктор Мерям Ҳаким ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Анкара, иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов “вобаста ба нақши Конститутсия дар даврони истиқлолият, ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ ба ҳозирин маълумот дод”.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин ҳамоиш намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба намоиши ҳозирин гузошта шуд. Донишҷӯ ва унвонҷӯёни донишгоҳҳои Анкара имкон ёфтанд, ки дар мавриди таърихи халқи тоҷик аз ин китобҳо, ки бо забонҳои форсиву англисӣ нашр шудаанд, барои худ маълумоти лозимро дарёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.