“Cегона+” толибонро ба қатъи робитаҳо бо террористон даъват кард

Рӯзи панҷшанбе, 11 ноябр дар Исломобод як нишаст дар ҳошияи "сегона+" (Тройка плюс) баргузор шуд, ки ширкаткунандагони он аз Толибон даъват карданд, ки аз иртибот бо террористон даст кашанд ва онҳоро аз имкони фаъолият дар қаламрави Афғонистон маҳрум созанд, менависад хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Покистон. Дар Исломобод нишаст дар формати "сегона+" […]

Asia-Plus

Рӯзи панҷшанбе, 11 ноябр дар Исломобод як нишаст дар ҳошияи "сегона+" (Тройка плюс) баргузор шуд, ки ширкаткунандагони он аз Толибон даъват карданд, ки аз иртибот бо террористон даст кашанд ва онҳоро аз имкони фаъолият дар қаламрави Афғонистон маҳрум созанд, менависад хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Покистон.

Дар Исломобод нишаст дар формати "сегона+" оид ба Афғонистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони махсуси Чин, Русия, ИМА ва Покистон, инчунин як ҳайати Толибон ширкат доштанд.

"Cегона+" бори дигар интизории худро таъкид кард, ки “Толибон” ба уҳдадориҳои худ дар мавриди пешгирӣ аз истифодаи террористон аз қаламрави Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсояи худ ва боқимондаи ҷаҳон риоя хоҳанд кард.

Ҳамчунин "сегона+" аз ҳукумати нави Афғонистон даъват кард, ки ҳамаи уҳдадориҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқиро риоя намояд.

“Аз “Толибон” дархост шуд, ки бо иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқӣ ва риояи усули аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои асосии инсон, ҳифзи амният ва ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон ва муассисаҳои хориҷӣ дар Афғонистон, бо кишварҳои ҳамсоя муносибати дӯстона роҳандозӣ кунанд”, – зикр мешавад дар санад.

Иштирокчиёни нишаст зарурати эҳтироми ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсилро дар ҳама сатҳҳо таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин ӯҳдадории байналмилалӣ аст ва аз “Толибон” даъват карданд, ки ба талошҳо барои таъмини дастрасии комил ва баробар ба таҳсилот дар саросраи кишвар тақвият бахшанд.

Ҳамчунин Русия, Чин, Покистон ва ИМА аз нақши фаъоли СММ дар кори расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд. Аз СММ даъват шуд, ки оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҷомеаи байнулмилалӣ дар самти дастгирии Афғонистон барномаҳо таҳия кунад.

Намояндагони кишварҳои дар нишаст ҳузурдошта аз дигар давлатҳо тақозо карданд, ки ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва мусоидат дар мубориза бо COVID-19 чораҳо андешанд.

Дар санад мушаххасан зикр мешавад, ки "сегона+" аз фурӯпошии эҳтимолии иқтисодӣ ва мавҷи нави паноҳандагон нигаронӣ дорад.

Дар нишаст инчунин зикр шуд, ки созмонҳои байналмилалии башардӯстона аз мушкилоти пардохтпазирӣ дар кишвар изҳори нигаронии ҷиддӣ намуда, уҳдадор шудаанд, ки ба тадбирҳои осон кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои қонунии бонкӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир кунанд.

"Сегона+" ҳамчунин аз “Толибон” даъват кард, ки дастрасии бидуни мамониат ба кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла барои занони кумакрасони башардӯстонаро барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъмин кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов