Муовини якуми раиси ВМКБ таъин шуд. Ӯ кист?

Муовини якуми раиси ВМКБ бо пешниҳоди раиси нави вилоят ба президент Низом Мирзозода таъйин шудааст. “Субҳи имрӯз, 12 ноябр, дар як ҷаласаи махсус аз ҷониби мушовири калони бахши Ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар муовини якум Мирзозода Низом Юсуфӣ муаррифӣ шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси ВМКБ. Давлатзода Музаффар аз кордонию таҷрибаи муовини […]

Муовини якуми раиси ВМКБ бо пешниҳоди раиси нави вилоят ба президент Низом Мирзозода таъйин шудааст.

“Субҳи имрӯз, 12 ноябр, дар як ҷаласаи махсус аз ҷониби мушовири калони бахши Ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар муовини якум Мирзозода Низом Юсуфӣ муаррифӣ шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.

Давлатзода Музаффар аз кордонию таҷрибаи муовини якуми навтаъин сухан гуфта, таъкид кардааст, ки ӯ дар ин симмат барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер гуфтааст, Бадахшон имрӯз ба кадрҳои баландихтисос, махсусан, дар соҳаи сохтмон, ниёз дорад.

“Итминон дорем, ки бо таъини чунин шахси кордон соҳаи мазкур вусъати тоза касб менамояд”, – гуфтааст Алишер Мирзонабот.

Шарҳи ҳол                                                 

Аз Мирзозода Низом Юсуфӣ ҳамчун кадри соҳаи сохтмон ёдовар мешаванд, ки солҳои зиёд ба вазифаҳои роҳбарии мақомоти сохтмон фаъолият кардааст. Охирин мансаби ӯ дар ин соҳа муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат буд, ки 13 январи соли 2020 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон озод гардид.

Низом Юсуфӣ 10-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шуда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аддои вазифа намудааст. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражданӣ, сиёсатшинос мебошад.

Фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кулобдеҳотсоз”-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.