“Суруди сол” ба Tarona Music Award табдил меёбад

Аввалин озмунҳои “Суруди сол”-ро аз “Азия-Плюс” дар хотир доред? Ёдатон ҳаст, он чӣ гуна ҷолиб буд? Мо ҷоизаи мусиқии худро бо номи нав эҳё мекунем – акнун "Суруди сол" ба ҷоизаи мусиқии " Tarona" табдил меёбад. Ба ин тариқ, 11 декабр дар Душанбе рӯйдоди асосии мусиқии соли 2021 аз “Азия-Плюс” баргузор мешавад! Ҳамааш чӣ гуна […]

Аввалин озмунҳои “Суруди сол”-ро аз “Азия-Плюс” дар хотир доред? Ёдатон ҳаст, он чӣ гуна ҷолиб буд? Мо ҷоизаи мусиқии худро бо номи нав эҳё мекунем – акнун "Суруди сол" ба ҷоизаи мусиқии " Tarona" табдил меёбад.

Ба ин тариқ, 11 декабр дар Душанбе рӯйдоди асосии мусиқии соли 2021 аз “Азия-Плюс” баргузор мешавад!

Ҳамааш чӣ гуна оғоз ёфт?

18 сол пеш, моҳи майи соли 2003 дар толори кинову консерти “Кохи Борбад” дар Душанбе аввалин маросими тақдими ҷоизаи асосии мусиқӣ аз Радиои “Азия-Плюс” – “Суруди сол” баргузор шуд.

Он замон ин чорабинӣ аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта буд. Ӯ шахсан ҳамроҳи аъзои ҳукумат ва роҳбарони парлумон ба маросим ташриф овард. Дар оғози намоиш як фазои шояд шарм ё чизи дигаре ҳукмфармо буд – дар ҳузури чунин шумори VIP-шахсиятҳо ҷавонон зиёд ба эҳсосот дода намешуданд.

Президент инро ҳис карда, микрофон дархост намуд: «Чаро ин кадар хомӯшед? Барои чӣ ба ҳунармандони дӯстдоштаи худ мухлисӣ намекунед? Аз ман шарм надоред, ман худам ин ҷо меҳмонам!».

Дар поёни маросим бошад, сарвари давлат ба саҳна баромада, микрофонро ба даст гирифт ва ҳамроҳ бо овозхони маъруфи эстрада Сироҷиддин Фозилов суруди "Гӯшаи бом"-ро иҷро кард.

Пас аз ин ӯ мустақиман аз саҳна эълон кард, ки аз ин ба баъд ин рӯз дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта хоҳад шуд. Аз ҳамон рӯз 23 май дар кишвари мо ин ҷашн таҷлил мегардад.

Моҳи декабр чиҳо дар назар аст

Имсол ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии “Азия-Плюс” мо тасмим гирифтем, ки ҷоизаи мусиқии худро дубора эҳё созем. Акнун он Tarona Music Award ном дорад.

Яке аз бонкҳои бузургтарини кишвар – “Ориёнбонк” дарҳол аз ташаббуси баргузории чорабинӣ ҷонибдорӣ намуда, Шарики кулли мо шуд. Моҳи декабри соли ҷорӣ аз таъсиси ин ниҳоди молиявӣ расо 30 сол пур мешавад ва ба назари раҳбарияти бонк, иштироку саҳмгузорӣ дар баргузории чунин як чорабинии ҷолиб воситаи беҳтарини таҷлил аз ҷашн аст.

Ширкати “Мармарӣ” шарики расмии Маросим аст.

Маросими Tarona Music Award – 2021 рӯзи 11 декабр дар «Кохи Суруш» доир мегардад. Ситораҳои маъруфу беҳтарини эстрадаи тоҷик, ки сурудҳояшон ба шунавандагони Радиои “Азия-Плюс” писанду дӯстдошта ва ҷоизадори озмуни мо шудаанд, дар толор ҳунарнамойӣ хоҳанд кард.

Хабарҳои моро пайгирӣ кунед – аллакай ба наздикӣ номи ҷоизадоронро эълон карда, дар бораи ҳар кадоме аз онҳо маълумот медиҳем!

Кормандони Радио Орзу Исоев, Даря Христолюбова ва дигар ровиёни мо гардонандагони маросим хоҳанд буд. Гурӯҳи коргардонии «Азия-Плюс» барои тамошобинон сюрпризҳои зиёде омода карда истодаанд, то ки намоиш ба дурахшонтарин рӯйдоди мусиқии соли 2021 табдил ёбаду дар сафҳаи хотирҳо нақш бандад.

Бо мо бимонед!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.