Муовини якуми раиси ВМКБ таъин шуд. Ӯ кист?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муовини якуми раиси ВМКБ бо пешниҳоди раиси нави вилоят ба президент Низом Мирзозода таъйин шудааст.

“Субҳи имрӯз, 12 ноябр, дар як ҷаласаи махсус аз ҷониби мушовири калони бахши Ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар муовини якум Мирзозода Низом Юсуфӣ муаррифӣ шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.

Давлатзода Музаффар аз кордонию таҷрибаи муовини якуми навтаъин сухан гуфта, таъкид кардааст, ки ӯ дар ин симмат барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер гуфтааст, Бадахшон имрӯз ба кадрҳои баландихтисос, махсусан, дар соҳаи сохтмон, ниёз дорад.

“Итминон дорем, ки бо таъини чунин шахси кордон соҳаи мазкур вусъати тоза касб менамояд”, – гуфтааст Алишер Мирзонабот.

Шарҳи ҳол                                                 

Аз Мирзозода Низом Юсуфӣ ҳамчун кадри соҳаи сохтмон ёдовар мешаванд, ки солҳои зиёд ба вазифаҳои роҳбарии мақомоти сохтмон фаъолият кардааст. Охирин мансаби ӯ дар ин соҳа муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат буд, ки 13 январи соли 2020 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон озод гардид.

Низом Юсуфӣ 10-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шуда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аддои вазифа намудааст. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражданӣ, сиёсатшинос мебошад.

Фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кулобдеҳотсоз”-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...