10 паҳлавони тоҷик дар “Гранд Слам”-и Абузабии Иморот ширкат мекунанд

10 паҳлавони ҷудокори тоҷик кишварро дар мусобиқоти самбои "Тоскулоҳи бузург" ё Abu Dhabi Grand Slam 2021- Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ намояндагӣ мекунанд. Дар назар аст, ин мусобиқот рӯзҳои 26-28-уми ноябр баргузор шаванд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс", муассис гурӯҳи фейсбукии "Tajik sport" Абдурозиқ Неъматзода хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар назар аст Шаҳбоз Сайдаброров (-60 кг), Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев […]

Asia-Plus

10 паҳлавони ҷудокори тоҷик кишварро дар мусобиқоти самбои "Тоскулоҳи бузург" ё Abu Dhabi Grand Slam 2021- Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ намояндагӣ мекунанд. Дар назар аст, ин мусобиқот рӯзҳои 26-28-уми ноябр баргузор шаванд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс", муассис гурӯҳи фейсбукии "Tajik sport" Абдурозиқ Неъматзода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст Шаҳбоз Сайдаброров (-60 кг), Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков ва Маҳмадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Ҳақназар Назарову Хушвахт Идиев (-81 кг) майдондорӣ кунанд.

Ҳамчунин Комроншоҳ Устопириёну Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни – 90 кг  ва Темур Раҳимов паҳлавони сангинвазни тоҷик дар вазни +100 вориди рақобат шаванд.

Бояд гуфт, ки Темур Раҳимов аз миёни паҳлавонони тоҷик нахустин касест, ки дар таърихи ҷудои кишвар медали нуқраи рақобатҳои "Гранд Слам" ба хазинаи варзишии кишвар овард.

Ӯ дар сабқатҳои Grand Slam Baku-2021 дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра шуд. Ин мусобиқа рӯзҳои 5-7 ноябри имсол баргузор шуда буд.

Аз миёни тоҷикон танҳо Маҳмадбек Маҳмадбеков ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар сабқатҳои ҷаҳонӣб Русияро намояндагӣ мекунад ду бор ба дарёфти медали тилои рақобатҳои "Тоскулоҳи Бузург", соли 2020 дар Қазони Русия ва соли 2021 дар Бокуи Озорбойҷон даст ёфтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.