Идомаи тағйирот: раисони Ванҷу Фархору Темурмалик ҳам барканор шуданд

Дар пайи тағйироти кадрии имрӯз раисони ноҳияҳои  Ванҷу Роштқалъаи ВМКБ ва ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Темурмалик, Ҷайҳун низ барканор ва ба ҷойи онҳо нафарони нав таъин шудаанд. Фармонҳои марбутаи раисҷумҳурро Хадамоти матбуоти сардори давлат нашр кардааст. Бар асоси фармони раисҷумҳур Мардзода Одинашо Миршаб раиси нави ноҳияи Ванҷ таъин шудааст, ки то ин вақт дар мақоми сардори […]

Дар пайи тағйироти кадрии имрӯз раисони ноҳияҳои  Ванҷу Роштқалъаи ВМКБ ва ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Темурмалик, Ҷайҳун низ барканор ва ба ҷойи онҳо нафарони нав таъин шудаанд. Фармонҳои марбутаи раисҷумҳурро Хадамоти матбуоти сардори давлат нашр кардааст.

Бар асоси фармони раисҷумҳур Мардзода Одинашо Миршаб раиси нави ноҳияи Ванҷ таъин шудааст, ки то ин вақт дар мақоми сардори Раёсати маорифи ВМКБ буд. Далели барканории раиси пешини ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст.

Аъзам Шомирзозода ба ҷойи Лоиқ Назаршозода раиси нави ноҳияи Роштқалъа таъин шудааст. 

Ҳамчуни Бахтиёр Сафарзода аз аз вазифаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”  озод ва раиси ноҳияи Балҷувон таъин шудааст.

Раисҷумҳур Шералӣ Ҳасанзодаро раиси ноҳияи Темурмалик ва Зариф Назириро раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъин кардааст.  Ҳасанзода то ин вақт дар мақоми муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ кор мекард ва Зариф Назирӣ то ин таъйинот муовини раиси вилояти Суғд буд. 

Ҳамчунин дар пайи тағйироти кадрии имрӯз раисони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳам барканор шудаанд. Зарина Давлатзода аз вазифаи раиси шаҳри Леваканд озод ва Бунафша Файзиддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин шудааст. Файзиддинзода то ин таъинот ба унвони муовини раиси ноҳияи Данғара кор мекард. 

Ҳамчунин ба ҷойи Шарбатуллои Азизулло, раиси акунун собиқи Восеъ, Ҷамшед Шарифзода раиси ноҳия таъин шудааст, ки ахирӣ низ то имрӯз мансаби муовини раиси ноҳияи Данғараро дошт.

Бо фармонҳои дигари раисҷумҳур Бахтиёр Назарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд. 

Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Даврон Нишонзода раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ноҳияи Носири Хусрав буд. 

Раиси пешини Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол бознишаста шудааст ва раиси нави ноҳияи Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода шудааст, ки то ин замон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Қубодиён буд.

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот пешниҳод ирсол кардааст.

Ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳур Ҳайдарзода Зокир Анвар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва Сатторзода Ҳотамшо Раҷаб аз вазифаи судяи суди Вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.