Акнун ҳавопаймоҳо аз шаҳри Самараи Русия ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бештар парвоз хоҳанд кард. Аз моҳи ноябри соли 2021 боз як ширкати ҳавопаймоӣ – Somon Air ба иҷрои парвозҳои тариқи ин хатсайр шурӯъ намуд, хабар медиҳад samara.kp.
Бо хатсайри Самара – Душанбе инчунин ширкати «Уральские авиалинии» ҳафтае се парвоз анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Курумоч ҳафтае 1 маротиба, рӯзи душанбе соати 08:00 ба вақти Душанбе сурат мегиранд.
Зикр мегардад, ки вақти парвоз 3 соату 20 дақиқаро ташкил дода, ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737 иҷро карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


