Поёни ҷаласаи вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе

Asia-Plus

Дар Душанбе 22 ноябр 17-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа ҷонибҳо идомаи ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои ОМ ва ИА-ро бо дарназардошти паёмадҳои COVID-19 ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Вазирон ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ батафсил матраҳ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Талошҳои судманди муштараки тарафҳо дар ин арса, бахусус дар амри ҳифзи сарҳади кишварҳои минтақа бо Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Гуфтугӯи созанда инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

Дар изҳороти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз музокирот бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва ИА робитаҳои ҷонибҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд.

Масъалаи ба имзо расонидани Созишномаи  мукаммали ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати оғоз бахшидан ба раванди музокироти ҷонибҳо барои таҳияи матни Созишнома дар соли оянда ба мувофиқа ҳосил шуд.

Пайвастани Тоҷикистон ба Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо GSP+, ки содироти молу маҳсулоти Тоҷикистонро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор хоҳад кард, баррасӣ шуд.

Аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру қочоқи силоҳ нигаронии амиқ изҳор шуд.

Дар рафти музокирот ба амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда, истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, таъкид шуд.

“Мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро  омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем”, – омадааст дар изҳорот.

Дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карданд.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи олии ИА оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои судмандро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳал баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз раванди рушди устувори робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат намуда, ба густариши масъалаҳои бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, афзоиши содироту воридот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар ин зимн тасмим ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо, махсус таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Жозеп Боррелл масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИА ва дурнамои онҳо дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, ва муҳити зист баррасӣ шуд.

Ҳамчунин перомуни масоили амнияту суботи минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...