Дастаи Тоҷикистон ба даври нимниҳоии озмуни NASA роҳ ёфт

Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва кайҳонии ИМА (NASA) дастаи “Oogway Comics”-и Тоҷикистонро ғолиби даври нимниҳоӣ дар озмуни ҷаҳонии “Space Apps Challenge-2021” эълон кард. Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, NASA Space Apps Challenge” бузургтарин ҳакатон дар ҷаҳон мебошад, ки беш аз 5 ҳазор дастаро дар зиёда аз 160 шаҳрҳои ҷаҳон фаро гирифтааст. […]

Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва кайҳонии ИМА (NASA) дастаи “Oogway Comics”-и Тоҷикистонро ғолиби даври нимниҳоӣ дар озмуни ҷаҳонии “Space Apps Challenge-2021” эълон кард.

Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, NASA Space Apps Challenge” бузургтарин ҳакатон дар ҷаҳон мебошад, ки беш аз 5 ҳазор дастаро дар зиёда аз 160 шаҳрҳои ҷаҳон фаро гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни озмуни соли 2021, ки 2-3 октябри соли ҷорӣ баргузор гардида буд, дастаҳо барои пайдо намудани ҳалли инноватсионнӣ ба бархе аз мушкилиҳои илмӣ бо ҳамдигар рақобат карданд.

Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) ба иштироки 24 дастаи тоҷик дар «NASA Space Apps Challenge”, ки бори нахуст ин барномаро дар Тоҷикистон соли 2020 баргузор намуд,  мусоидат кард.

Дастаи Oogway Comics дар ҳайати Тимур Шарифов, Малика Ачилова, Баҳодур Ишонхоҷаева ва Шероза Ҷӯраева вазифаи сохтани “астероидҳои моҳирона равшаншуда” бар душ гирифта, як китоби комикс ва барномаи мобилиеро таҳия кард, ки ба ҷавонон дар бораи Миссияи «Люси»-и NASA барои омӯхтани астероидҳои троянӣ (боқимондаҳои системаи офтобӣ ) маълумот медиҳад.

Зикр мегардад, ки барои эътироф кардани лоиҳаи дастаи «Oogway Comics» NASA онҳоро ғолиби давраи нимниҳоӣ миёни 37 дастаи дигар интихоб кард. Моҳи декабри соли ҷорӣ, 10 дастаи ғолиб эълон мегарданд. Ғолибон имконият пайдо мекунанд, ки ба ИМА сафар карда, дар раванди ба фазо парвоз кардани мушак (ракета) иштирок кунанд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Поммершайм дастаи Oogway Comics-ро бо ин дастовард табрику таҳният гуфт. Oogway Comics ягона дастаест, ки кишварҳои ИДМ-ро имсол дар озмуни мазкур намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.