Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ генерал-полковник Рустам Назарзода дар кори Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ-2021 шаҳри Матозинюши Португалия иштирок мекунад.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, кори Форум имрӯз оғоз гардида, то 26 ноябр идома меёбад.

Гуфта мешавад, Форум ба зарурати ҳалли хусусияти системавӣ, ҷамъшаванда ва мураккаби хатарҳо, бахусус дар партави ҳамагирии Ковид-19 ва ҳолати фавқулоддаи иқлимӣ таъкид хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар ҳамкорӣ бо Идораи миллии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Португалия ва Комиссияи Аврупо ташкил карда шудааст.

“Форум, як механизми муҳими мубориза бо хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо, ҳамчун платформа барои ҷонибҳои манфиатдор барои ба дӯш гирифтани масъулияти муштарак ва ӯҳдадориҳои амалӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ хизмат мекунад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамоиш як чорабинии бисёрҷонибаи ҷонибҳои манфиатдор дар рӯҳияи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҳукуматҳо ва коршиносон дар мавриди таҷрибаҳои андӯхтаи худ ва равишҳои инноватсионии пешгирӣ, коҳиш ва идораи хатарҳои офатҳои табиӣ табодули афкор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...