Прокурори Бадахшон тазоҳурот дар Хоруғ ва ҳамла ба Алишер Мирзонаботро шарҳ дод

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Мақомоти қудратии ВМКБ бо пахши муроҷиатнома аз тазоҳуротгарони Хоруғ талаб карданд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии мардумро халалдор насозанд, чунки ҳар як амали ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дорад.

Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода дар муроҷиатномаи видеоие, ки шоми имрӯз тариқи телевизиони маҳалии “Бадахшон” нашр шуд, бо гузашти 3 рӯз, тазоҳурот дар назди бинои ҳукумати Хоруғро шарҳ дода гуфт, он ғайриқонунӣ буда, аз ҷониби “саркардагон ва аъзоёни гурӯҳи муташакиили ҷиноятии вилоят ташкил шудааст”.

Номбурда гуфт, баъди талаби эътирозгарон имрӯз, соати 14:00 раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба назди онҳо баромад.

Роҳбари вилоят аз онҳо талаб кард, ки тартиботи ҷамъиятиро қатъиян риоя намоянд ва майдонро тарк кунанд ва хабар дод, ки барои таҳқиқи холисонаи ҳодисаи рӯзи 25 ноябр аз ҷониби додситони вилоти ВМКБ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуда, тафтишот идома дорад.

“Вале онҳо ба раиси вилоят ва ҳамроҳонаш ҳамла намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба ҷони онҳо аз предметҳои ба сифтаи силоҳ истифодашавнада истифода намуданд, ки дар натиҷа, ба вакили парлумон Азиз Гиёзода зарари вазнин ҷисмонӣ расид. Намояндгони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд, ки аз силоҳ сӯи ҳаво тири огоҳикунанда парронанд”, – мегӯяд прокурори вилоят.

Парвиз Орифзода дар идома қайд менамояд, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи додситонии ВМКБ бо моддаҳои 328 қисми 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 237 қисми 3  банди “а” (Авбошӣ) ва 110 қисми 2 бандҳои “а” ва “ж” (Қасдан раоснидани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Ёдовар мешавем, ки “Азия – Плюс” бо такя аз манбаъҳои худ аз Хоруғ хабар дода буд, ки баъди зӯҳри имрӯз, 27 ноябр, вазъият дар маркази шаҳри Хоруғ вахим шуда, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба назди тазоҳуротгарон баромада, аз онҳо хоста буд, ки майдонро тарк кунанд.

“Вақти бозгашти раис аз баромадкунандагон касе ба сӯйи ӯ санг андохт ва дар ҷавоб аз дохили тирезаҳои ҳукумат ба сӯйи тазоҳуротгарон тир холӣ карданд”, – хабар дода буд манбаъи мо.

Ба гуфтаи манбаъи мо раиси вилоят аз сараш захм бардошта, ду нафари эътирозгарон ҳам захмӣ шудаанд. Мувофиқи иттилои манбаъҳои дигар, шумораи захмишудагон 4 нафар аст.

Тафсилоти бештари ҳодисаҳои Хоруғро дар маводи мо бихонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...