Хабарҳои охирини Хоруғ: Се кушта, идомаи эътирозҳо. Алишер Мирзонабот ба эътирозгарон чӣ гуфту талаби онҳо чист?

Бар асоси охирин хабарҳои расида аз Хоруғ шумори кушташудаҳо ба се нафар расидааст. Гирдиҳамоӣ дар маркази шаҳри Хоруғ аз зӯҳри рӯзи 25-уми ноябр идома дорад. Тазоҳургарон шабро дар майдон назди бинои шаҳрдорӣ гузрониданд. Аз навору аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки имрӯз, 26-уми ноябр мардуми зиёде дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омадаанд […]

Бар асоси охирин хабарҳои расида аз Хоруғ шумори кушташудаҳо ба се нафар расидааст. Гирдиҳамоӣ дар маркази шаҳри Хоруғ аз зӯҳри рӯзи 25-уми ноябр идома дорад. Тазоҳургарон шабро дар майдон назди бинои шаҳрдорӣ гузрониданд.

Аз навору аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки имрӯз, 26-уми ноябр мардуми зиёде дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омадаанд ва дар пеши онҳо ҷанозаи ду нафар хобидаасту занҳо ба нолаву шеван пардохтаанд. 

Ба ҷуз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков бино ба иттилои расман таъйидношуда ҳамчунин дар эътирозҳои рӯзи 25-уми ноябр ду сокини дигари вилоят Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков низ кушта шудаанд. 

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ субҳи имрӯз ба «Азия-Плюс» ба суоли он ки гирдиҳамоӣ имрӯз идома дорад ё на, посухи мушаххас надод.

Ӯ танҳо гуфт, ки вазъ дар шаҳр ором аст: “Ҳама ором аст, хавотир нашавед! Мардум ба корҳои худ машғуланд".

Назарзода ҳамчунин изҳор намуд, ки ҳаёти шаҳр мисли пештара  ба таври муқаррарӣ ҷараён дорад: «Кӯдакон ба мактабу донишҷӯён ба донишгоҳ ва мардум ба корашон рафтанд».

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои «Азия-Плюс» хабар медиҳанд, ки омадани сокинони навоҳии дигари вилоят ба Хоруғ идома дошта, бахусус субҳ шумори онҳо зиёд шудааст. Ба гуфтаи онҳо, шумори умумии эътирозгарон дар Хоруғ ҳоло аз марзи ҳазорон нафарро гузаштааст.

То ҳол касе аз мақомот ба назди эътирозгарон набаромадааст.

Раис: “Ман огаҳ набудам”

Ба гуфтаи манбаъҳо, шоми рӯзи 25 ноябр раиси вилоят Алишер Мирзонабот бархе намояндагони эътирозгаронро ба ҳузур пазируфта, изҳор доштааст, ки дар бораи нақшаҳои боздошти Зиёбеков огаҳӣ надошт, зеро дар ин вақт дар ноҳияи Мурғоб будааст.

Манбаи “Азия-Плюс”, ки аз ҷумлаи ҳозирин дар вохӯрӣ бо раиси вилоят будааст, зикр кард, ки ӯ ваъда додааст, ки дар муддати 2-3 моҳ тафтиши ин ҳодиса, инчунин далели тирпаронӣ дар майдонро, ки дар ҷараёни он ду нафар ҳалок ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, анҷом медиҳад.

“Мо бо ин ки тафтиш ҳамин ҳоло оғоз  нашуд норозигӣ кардем. Ба мо маълум аст, ки Гулибиддинро кӣ кушту кӣ дар майдон ба сӯи мардум оташ кушод. Ин тафтишро дар 10 рӯз анҷом додан мумкин аст, аз ин рӯ, қотеъона ҳабси гунаҳкорон ва тафтиши ҳодисаро талаб мекунем”, – мегӯянд намояндагони тазоҳургарон.

Дирӯз манбаъҳои “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки аз шумори тазоҳургарон 6 нафар захмӣ ва як кас ҳалок шудааст. Дар суратҳои дирӯз нашршуда дида мешавад, ки дар майдони асосии Хоруғ ду ҷасади ҳалокшудагон гузошта шудааст. Мо кӯшиш карда истодаем маълум кунем, ки дар натиҷаи тирпаронӣ нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе дар майдон дар асл чанд кас кушта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, талаботи тазоҳургарон, ки имрӯз пешниҳод карданианд, чунинанд:

– Дар фурсати кӯтоҳтарин баррасӣ намудани парванда аз рӯи далели марги Гулбиддин Зиёбеков ва афроде, ки ба сӯи аҳолии осоишта оташ кушоданд;

– Хориҷ кардани 60-70%-и низомиён, ки дар қаламрави Хоруғ қарор доранд ва ба ҷойи онҳо ба хизмат қабул намудани сокинони вилоят;

– Аз байн бурдани постгоҳҳои назоратӣ (блокпостҳо);

– Барқарор намудани алоқаи интернет;

Сокинони ВМКБ муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи иҷтимоии Facebook аз номи сокинони ВМКБ муроҷиатнома нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Мо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зодагони он, ки берун аз ҳудуди вилояту кишвар зиндагӣ мекунанд, бори дигар шоҳиди худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар зодгоҳи худ ва тезутунд шудани вазъ дар Хоруғ гардидем”.

Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки дирӯз, 25 ноябр “бесалоҳиятӣ ва барои худ ба ҳама кор роҳ додани намояндагони сохторҳои қудратӣ ба ҳалокати сокинони деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва Тутишо Амиршоев оварда расонид”.

“Парвандаи ҷиноятии Гулбиддин Зиёбеков ғаразнок буд. Гулбиддин ва дигар сокинони ноҳияи Роштқалъа ба ҳимояти хоҳари худ бархостанд, ки як корманди мақомоти прокуратур ба ӯ муносибати маҳрамона пешниҳод кардааст. Сабти видеоии ин далел ҳанӯз соли гузашта нашр шуда, лекин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Ба ҷойи ин нисбати Гулбиддин парванда боз шуда, дар натиҷа ӯ кушта шуд.

Сохторҳои қудратӣ инчунин ба сӯи тазоҳургарон дар шаҳри Хоруғ тир кушода, ҳашт нафар аҳолии осоиштаро захмӣ карданд”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Муроҷиаткунандагон (имзо нест ва шумори онҳо зикр нашудааст) аз мақомот талаб кардаанд, ки “ҳама навъи алоқаро дар ВМКБ таъмин карда, ҳамаи гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоев, инчунин афроди ба тиркушоӣ сӯи тазоҳургарон дастдоштаро ба ҷавобгарӣ кашанд ва аз лиҳози моддиву маънавӣ зиёни расидаро ба оилаҳои ҳалоку захмишудагони аҳолии осоишта ҷуброн кунанд”.

Доир ба таҳкими мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ғайринизомӣ кардани вилоят низ як қатор талабот ҷой дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.