Тирпаронии навбатӣ дар Хоруғ. Алишер Мирзонабот ба назди эътирозгарон баромад

Баъди зӯҳри имрӯз, 27 ноябр, вазъият дар маркази шаҳри Хоруғ вахим шуд, манбаъҳо аз захмиён хабар медиҳанд. Ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” аз шаҳри Хоруғ, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба назди тазоҳуротгарон баромада, аз онҳо хостааст, ки майдонро тарк кунанд ва роҳро боз намоянд. “Раиси вилоят ваъда додааст, ки мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Аммо мардум […]

Баъди зӯҳри имрӯз, 27 ноябр, вазъият дар маркази шаҳри Хоруғ вахим шуд, манбаъҳо аз захмиён хабар медиҳанд.

Ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” аз шаҳри Хоруғ, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба назди тазоҳуротгарон баромада, аз онҳо хостааст, ки майдонро тарк кунанд ва роҳро боз намоянд.

“Раиси вилоят ваъда додааст, ки мақомоти дахлдор ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Аммо мардум розӣ нашуда, истеъфои ӯро талаб карданд. Вақти бозгашти раис аз баромадкунандагон касе ба сӯйи ӯ санг андохт ва дар ҷавоб аз дохили тирезаҳои ҳукумат ба сӯйи тазоҳуротгарон тир холӣ карданд”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, раиси вилоят аз сараш захм бардошта, ду нафари эътирозгарон ҳам захмӣ шудаанд. Мувофиқи иттилои манбаъҳои дигар, шумораи захмишудагон 4 нафар аст.

Айни ҳол маълумот дар бораи шумори маҷрӯҳшудагон ва аз чӣ захмӣ шудани онҳо мушаххас карда мешавад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят ҳамроҳи вазири энергетика Далер Ҷумъа ва яке аз чеҳраҳои маъруфи минтақа Хурсанд Мазоров ба майдон омада буд.

Тазоҳурот дар Душанбе

Дар ҳамин ҳол, нимаи аввали имрӯз, дар пойтахти Тоҷикистон гурӯҳе аз ҷавонон дар назди бинои СММ дар Душанбе даст ба гирдиҳамоии осоишта заданд.

Радиои “Озодӣ” менависад, ки як гурӯҳ аз ҷавонон тақрибан 70-80 нафар дар назди дафтари СММ бо нидо ва навиштаҳои "Бадахшон як пораи Тоҷикистон аст" ва "Ҷинояткорон бояд ҷазо гиранд" шиор медоданд ва дар даст акси панҷ корманди захмишудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшонро доштанд.

Баъди чанд дақиқа як гурӯҳи тақрибан даҳнафарии ҷавонони зодаи Бадахшон бо тазоҳургарон вориди баҳс шуда, чанде аз шиорҳои онҳоро гирифтанд. Дар ҳамин вақт маъмурони милиса омада, ҷавононро боздошт карданд. Эътирозгарони дигар зуд пароканда шуданд.

Шаби 26-27 ноябр гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои СММ дар Ню-Йорк бо ҳимоят аз тазоҳуротгарони Хоруғ даст ба тазоҳурот заданд.

Оғози ҳодиса

Ёдовар мешавем, ки эътироз дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр баъди он сар зад, ки як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеов кушта шуд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, Зиёбеков ҳангоми боздошт дар хонааш аз туфангчаи "Макаров" тир кушод ва захмӣ гашт. Бархилофи хабари расмӣ, шоҳидон мегӯянд, Зиёбеков қасдан кушта шудааст.

Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Ба гуфтаи сокинон, сабаби ҷанҷоли Зиёбеков бо ёвари прокурор, хоҳиши муомиомилаи маҳрамонаи дуюмӣ бо яке аз наздикони ӯ аст.

Ҳамчунин, мақомоти расмии Бадахшон тариқи телевизиони вилоят хабар доданд, ки дар ҷараёни беназмиҳо дар шаҳри Хоруғ, ки дирӯз, рӯзи 25-уми ноябр гузашт, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ шадидан захмдор шудаанд. Вале бар асоси охирин хабарҳои расида аз Хоруғ шумори кушташудаҳо ба се нафар расидааст. Сокинон аз захмӣ шудани даҳҳо нафар хабар медиҳанд. Мақомот дар бораи кушташудаҳо ва захмиён аз ҷониби тазоҳуротгарон  расман чизе нагуфтаанд

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.