“Азизи домсоз” 30 сол ва ҳамроҳонаш аз 19 то 28 сол равонаи зиндон шуданд

Мазҳаб Ҷумъа

Додгоҳ роҳбари яке аз ширкатҳои хонасозӣ дар Тоҷикистон Азизулло Абдуллоев, ки бо номи “Азизи домсоз“ низ машҳур аст, ба 30 сол ва ҳамроҳони ӯро аз 19 то 28 сол равонаи зиндон намудааст. Дар ин бора вакили дифои яке аз маҳкумшудагон ба ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ҳукми ҳамаи онҳо 25 ноябр аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуда, молу мулки Азизулло Абдуллоев, аз ҷумла биноҳои бунёдкардааш ва манзилҳои зисташ низ мусодира шуданд.

Ба иттилои вакили дифоъ, ҳамроҳони дигари Азизулло, Тулаганов Азамат, Содиқов Сиёвуш, Бурон Самадов ба 28 сол, Мурод Хуҷаев ба 25 сол ва Сорбон Сабзқадамов ба 19 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ду ҳафта пеш, додситон Ҳусейн Акрамов ба муттаҳамони парвандаи қочоқи қариб ним тонна маводи мухаддир, ки дар байни онҳо Азизулло Абдуллоев низ ҳаст, аз 20 то 30 соли зиндон талаб карда буд.

Манбаъи мо гуфт, додгоҳ нисбати “Азизи хонасоз” ва ҳамроҳони ӯ ҳукмеро содир намуд ки додситон талаб карда буд.

Радиои “Озодӣ” аз қавли наздикони Азизулоло Абдуллоев менависад, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, наздикони маҳкумшудаҳо ба мурофиа роҳ наёфтанд.

“Ҳукм бераҳмона буд. Ҳатто тамоми молу мулкашро мусодира кардаанд. Барои 9 фарзандаш чизе нагузоштанд”, – гуфтаанд онҳо.

Мақомот Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳони ӯ Сорбон Сабзқадамов, Бӯрон Саматов, Мурод Хӯҷаев Азамат Тӯлагановро ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо мутаҳҳам мекунанд.

Моҳи октябри соли равон маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе аз боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша дар Душанбе хабар дод, ки аз онҳо ҳудуди 500 кило маводи нашъаовари арзишаш 6 млн доллар мусодира шудааст. Аз онҳо инчунин, 6 мошини гаронбаҳои хориҷии нархи умумиашон 1 млн 784 ҳазор сомонӣ, хонаву бӯстонсароҳо бо арзиши умумии зиёда аз 50 млн сомонӣ низ мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо моддаҳои 200 (гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд), 289 (қочоқ) ва 262 (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Радиои “Озодӣ” аз қавли вакилони дифои муттаҳамон навишта буд, ки Азизулло Абдуллоев иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, бегуноҳ аст ва ба қочоқ машғул набуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...