Мусодираи ҳудуди 500 кило маводи мухаддир ва 6 млн доллар дар Душанбе

Фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қатъ карда шуд. Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, созмондиҳандаи гуруҳ сокини 46-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Азизулло Абдуллоев мебошад, ки қаблан дар Русия барои даст доштан дар қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шудааст. Ба гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша […]

Asia-Plus

Фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қатъ карда шуд.

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, созмондиҳандаи гуруҳ сокини 46-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Азизулло Абдуллоев мебошад, ки қаблан дар Русия барои даст доштан дар қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шудааст.

Ба гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша инчунин донишҷӯйи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи 37-солаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамов, сокини 37-солаи пойтахт Шамсулло Саидшарипов, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Саматов, ҳамдиёри 35-солаи ӯ Мурод Хӯҷаев ва шаҳрванди 48-солаи Ӯзбекистон Азамат Тӯлаганов низ шомил будаанд.

Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшудагон муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо машғул будаанд.

Дар ҷараёни амалиёти махсус аз афроди дар боло зикршуда ҳудуди 500 кило маводи нашъаовари арзишаш 6 млн доллар мусодира шудааст. Аз онҳо инчунин 6 мошини гаронбаҳои хориҷии нархи умумиашон 1 млн 784 ҳазор сомонӣ, хонаву бӯстонсароҳо бо арзиши умумии зиёда аз 50 млн сомонӣ низ мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо моддаҳои 200 (гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд), 289 (қочоқ) ва 262 (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио