Додхоҳии хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит аз Омбудсмен ва Додситонии кул барои мулоқот бо ӯ

Хонаводаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонишудаи ҳизби дар Тоҷикистон мануъи наҳзати исломӣ ба дафтари Омбудсмен ва Додситонии куллии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Ҳамсари Ҳайит ба "Азия-Плюс" гуфт, онҳо аз ин ду ниҳод хостаанд, то барои мулоқот бо ҳамсараш дар зиндон мусоидат кунанд. Савриниссо Ҷӯрабекова, ҳамсари Ҳайит мегӯяд, ки ба далели ин ки ҳамсараш ҳукми ҳабси абад дорад, […]

Хонаводаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонишудаи ҳизби дар Тоҷикистон мануъи наҳзати исломӣ ба дафтари Омбудсмен ва Додситонии куллии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Ҳамсари Ҳайит ба "Азия-Плюс" гуфт, онҳо аз ин ду ниҳод хостаанд, то барои мулоқот бо ҳамсараш дар зиндон мусоидат кунанд.

Савриниссо Ҷӯрабекова, ҳамсари Ҳайит мегӯяд, ки ба далели ин ки ҳамсараш ҳукми ҳабси абад дорад, дар 6 моҳ ҳамагӣ як бор метавонад бо ӯ мулоқот кунад, вале рӯзи 24-уми ноябр, ки бояд мулоқоти навбатӣ доир мешуд, дар зиндон (муассисаи тафтишотии ЯТ 9/1) гуфтанд, ки наметавонам ӯро бубинам, зеро ӯ тартиботи дохили зиндонро вайрон кардааст.

Ҷӯрабекова мегӯяд, ки баъд аз он ки муроҷиаташ ба Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон (Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия) ва худи сардори зиндон натиҷа надод, дар як нома аз Додистонии кул ва Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон додхоҳӣ кардааст.

Дар ин нома, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт, навишта шудааст, ки дар ибтидо на дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва на дар муассиса ба суоли ин ки ҳамсарам чӣ тартиботро вайрон кардааст посухи рӯшан надоданд ва барои ёфтани посухи суол моро аз зиндон ба сарраёсат ва аз сарраёсат ба зиндон равон карданд. 

"Билохира рӯзи 27-уми ноябр баъд аз мулоқот бо Мансурҷон Умаров манро ба муассиса равон карданд ва сардори муассисаи илоҳи як сабаби номақбул ва шубҳанокро, ки гӯё он асос барои марҳурм кардан аз вохӯрӣ шудааст, гуфт.  Он сабаб ин будааст, ки гӯё ҳамсарам чанд маротиба гаштугузори рӯзонаро рад кардааст",- гуфта мешавад дар нома.

Савриннисо Ҷӯрабекова ин далели гуфтаи мақомотро беаос мешуморад ва дар номааш гуфтааст, ки бар асоси қонунгузорӣ ин асос барои бекор кардани мулоқот бо ҳамсараш шуда наметавонад. 

Дар ин нома Ҷӯрабекова иддао кардааст, ки ҳамсараш шиканҷа шудааст ва барои ҳамин намегзоранд, ки бо ӯ вохӯрад. Агар далели бекор кардани мулоқот ҳамин бошад, чаро дар рӯзҳои аввали муроҷиат ба ӯ инро нагуфтаанд,-суол гузоштааст муаллифи нома.

Ҷӯрабекова дар номааш дар баробари мусоидат кардан ба барггузор шудани мулоқот ва эътимод ҳосил кардан аз саломатии ҳамсараш, ҳамчун хостааст, ки далелҳои аслии бекор кардани ин мулоқот низ барояш гуфта шаванд.

Дар дафтари Омбудсмен ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит гуфтаанд, ки номаашонро дарёфт кардаанд ва мунтазири посух бошанд.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини собиқи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста бар асоси 14 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.