Толибон: Иморот фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ ва Ато Муҳаммади Нурро маҳдуд кардааст

Ҳукумати сарбарасти “Толибон” иддао кардааст, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқии фирории Афғонистон ва Ато Муҳаммади Нурро маҳдуд кардааст. То кунун ин сиёсатмадор ба ин иддаи Толибон посухе надодаанд. Рӯзномаи “8 субҳ”-и чопи  Кобул бо нақли қавл аз масъулони ҳукумати Толибон навиштааст, ки “Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ, […]

Ҳукумати сарбарасти “Толибон” иддао кардааст, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқии фирории Афғонистон ва Ато Муҳаммади Нурро маҳдуд кардааст. То кунун ин сиёсатмадор ба ин иддаи Толибон посухе надодаанд.

Рӯзномаи “8 субҳ”-и чопи  Кобул бо нақли қавл аз масъулони ҳукумати Толибон навиштааст, ки “Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар фаъолиятҳои сиёсии Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин ва бархе аз мақомоти сиёсии Афғонистон маҳдудият вазъ кардаанд”.

Аҳмадуллоҳ Васиқ, узви Комиссияи фарҳангии толибон шаби якшанбе, ҳафтуми қавс дар Твиттери худ навиштааст, ки ин маҳдудият бар Ашраф Ғанӣ ва мақомоти пешини ҳукуматаш, ки ба Дубай ва шаҳрҳои дигари он фирор карданд, вазъ шудааст.

Ба гуфтаи Васиқ, ба ҷуз Ашраф Ғанӣ, Ато Муҳаммади Нур, волии пешини вилояти Балх ва раиси ҳизби ҷамъияти исломӣ (шохае таҳтии раҳбарии худаш) ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири пешини амнияти миллии ҳукумати Ғанӣ низ шомили ин маҳдудиятҳо ҳастанд.

То кунун мақомоти расмии Иморот ба ин иддаи толибон вокуниши накардаанд. Ҳамчунин на Ашраф Ғанӣ ва Ато Муҳаммади Нур низ дар ин баробар мавзеъгирие накардаанд.

Иддаои толибон дар мавриди маҳдуд шудани фаъолиятҳои сиёсии Ато Муҳаммади Нур дар Ҳолест, ки 22 октябр ҷаноби Нур аз ташкили як созмони сиёсие бо номи Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон хабар дод.

Он замон гуфта мешуд, ки чеҳраҳои сиёсие чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде дигар шахсиятҳои сиёсӣ низ дар раъси ин шӯро қарор доранд.

Ин шӯро ҳадаф пеш гузошта буд, ки  мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл гардад. Аммо таъкид мекунанд, “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.