Мақомот як занро дар Сангвор дар куштани модарандараш муттаҳам мекунанд

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 29-солаи ноҳияи Сангвор, дар шарқи Тоҷикистонро дар куштани модарандараш муттаҳам медонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зани модарандарашро ба дарёи Зингоб тела додааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса 26-уми ноябр, тақрибан соати 15.00 рух додааст. Дар хабарномаи ВКД на аз омили қазия ва на аз қурбонии фовеа ном бурда нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки модарандари қурбоншуда зани 43-солаи ҳамин ноҳия будааст. 

"Номбурда, 26-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15.00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандараш зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи “Хингоб” бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст",-омадааст дар хабарнома.

ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ин ҷиноят дастгир шудаву ниҳодҳои қудратӣ қазияро пайгирӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...