“Салом, номи ман Ҷеф”: дипломатҳои амрикоӣ забони тоҷикиро дар куҷо ёд мегиранд?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, даҳҳо шаҳрванди Амрико дар сафоратхонаи ин кишвар ва бар асоси барномаҳои гуногуни байналмилалӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Тавре мушоҳида мешавад, аксари онҳо забони тоҷикиро медонанд ва дар муошират бо мардум бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Мо аз сафорати ИМА пурсидем, ки диломатҳои амрикоӣ дар куҷо забони тоҷикӣ меомӯзанд ва чаро ин барои онҳо зарур аст?

Аз сафорати ИМА ба мо гуфтанд, пеш аз он ки дипломатҳои амрикоӣ барои кор ба Тоҷикистон интихоб шаванд, дар худи Амрико дар Институти хадамоти дипломатӣ забони тоҷикиро аз худ мекунанд.

Ба гуфтаи масъулини сафорат, омӯзиши забони миллии кишварҳое, ки дипломатҳои амрикоӣ дар онҷо кор мекунанд, авлавияти Департаменти давлатии ИМА буда, онҳо бар ин назаранд, ки донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикӣ барои амнияти миллӣ ва ҳамкории мусбат бо кишварҳои мизбон муҳим мебошад.

– Дипломатҳои дигар қабл аз фиристодан ба Тоҷикистон дар Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи стипендияи омӯзиши забон – “Critical Language Scholarship program” ва ширкат дар барномаҳои табодул бо Тоҷикистон, ба мисли Фулбрайт (Fulbright) забони тоҷикиро меомӯзанд. Дигаронро ба Тоҷикистон ба сафари корӣ мефиристанд ва пеш аз он ки онҳо ба ин кишвар ташриф биёранд, барномаи солонаи омӯзиши забони тоҷикиро меомӯзанд, – гуфтанд аз ин ниҳоди дипломатӣ.

45- ҳафта барои омӯзиши забони тоҷикӣ

Дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфтанд, барои америкоиҳое, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ доранд, дар худи Амрико имконоти зиёде мавҷуд аст.

Аз ин ниҳоди дипломатӣ, аз донишгоҳҳо, институтҳои омӯзиши забон ва марказҳои хусусии омӯзишии забон ёдоварӣ шуданд, ки  дипломатҳои амрикоӣ метавонанд ба он шомил шуда, забони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикиро омӯзанд.

– Ҳамчунин, дипломатҳои амрикоӣ дар Институти хадамоти дипломатӣ ба омӯзиши вижаи забон фаро гирифта мешаванд, ки он омӯзиши 45- ҳафтаинаи забони тоҷикиро дар бар мегирад, -гуфтанд дар ин ниҳоди дипломатӣ.

Дар Тоҷикистон кӣ дипломатҳои амрикоиро забони тоҷикӣ меомузанд?

Масъулини сафорати ИМА мегӯянд, департаменти давлатӣ дипломатҳои амрикоиро ташвиқ мекунад, ки малакаҳои забонии худро инкишоф диҳанд. Аз ин рӯ, сафоратхонаҳои ИМА ба дипломатҳо имконият медиҳанд, ки аз устодони маҳаллӣ, ки аз ҷониби сафорат киро шудаанд ё шартнома доранд, маълумот гиранд.

– Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ ин барномаро дорад. Дипломатҳо инчунин, метавонанд мустақиман аз муаллимони маҳаллӣ ё тавассути платформаҳо, ба монанди iTalki, омӯзиши хусусии забони тоҷикиро интихоб кунанд, – гуфтанд аз сафорат.

Чаро омӯзиши забони тоҷикӣ барои дипломатҳои амрикоӣ муҳим аст?

Дар ин ниҳоди дипломатӣ чунин мешуморанд, ки омӯзиши забони тоҷикӣ барои дипломатҳои амрикоӣ муҳим аст, зеро он ба онҳо имкон медиҳад, ки робитаҳои наздиктарро барои фаъолияти  касбии худ инкишоф диҳанд ва ин иртиботро бо мардуми маҳаллӣ , осон мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...