Иштироки 16 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати Осиё

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи байни наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва дар мусобиқа байни ҷавонон 9 нафар писар намояндагӣ мекунанд.

Ба дастаи наврасони Тоҷикистон 7 нафар варзишгар – Ҷасур Лутфишоев (52 кг), Сируш Эркаев (66 кг), Муҳаммад Юсуфзода (73 кг), Суннатулло Мусоев (90 кг), Сомонӣ Кишваров (+90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (+90 кг) ва Меҳрона Маҳмадзода (60 кг) шомиланд.

Ҳайати дастаи ҷавонони ҷумҳурӣ аз 9 нафар – Хурсанд Куганов (66 кг), Абӯбакр Шеров (66 кг), Муҳаммадиқбол Тошев (73 кг), Масуди Аҳмадзод (73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Раҳматулло Мирзоев (100 кг), Мансур Раҳмон (100 кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) иборат аст.

Мусобиқаҳо байни наврасон рӯзҳои 2-3 декабр ва байни ҷавонон рӯзҳои 4-5 декабр баргузор мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат меварзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...