БМТ шарҳ дод, ки чаро терминалҳои пардохт пулҳои нави 100-сомониро қабул намекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мушкилоти марбут ба қабули пулҳои 100-сомонӣ дар терминалҳои пардохт, ки 16 ноябри соли ҷорӣ ба муомилот бароварда шуданд, дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбанд.

“Бозсозии барнома ва мутобиқ намудани терминалҳои худхизматрасонӣ (автоматӣ) барои қабули пулҳои нав вақти зиёдро талаб намекунад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар Бонки миллӣ шарҳ доданд, ки терминалҳо бо сабаби тағйироти зоҳирии пули коғазии 100 сомонӣ онро қабул намекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар пули 100-сомонии нав расми “Қасри презиент” ба тасвири маҷмааи “Кохи Наврӯз” иваз карда шуд.

Дар БМТ таъкид доштанд, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкиии пардохт (агентҳои фаръӣ) ба корҳои таъмини барномаи зарурӣ ва мутобиқсозии терминалҳо ба қабули пулҳои нав оғоз кардаанд.

“Бо барқияҳо аз 19 то 26 ноябр ҳамаи ташкилотҳои қарзиро огоҳ намудем, ки таҷҳизоти хазинавашонро ҷиҳати шинохти ҳаққонӣ будан ва қабули пулҳои нав такмил диҳанд”, – гуфтанд дар БМТ.

Дар Бонки миллӣ гуфтанд онҳо омодаанд, ки дар сурати зарурат ба моликони терминалҳо ҷиҳати мутобиқсозии таҷҳизот ба қабули пулҳои нави 100-сомонӣ машваратҳои техникӣ диҳанд.

“То 1 декабри соли ҷорӣ ба Бонки миллӣ дар ин хусус муроҷиат нашудааст”, – илова карданд дар Бонк.

Ёдрас мекунем, ки 16 ноябри соли равон дар Тоҷикистон пулҳои коғазии  10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар намунаи нав ба муомилот бароварда шуданд.

Коғази пул барои арзишҳои 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ аз омехтаи нахи пахта (қабати дарунии пул) ва маҳлули махсуси полиэтиленӣ (қабати берунии пул) омода карда шудааст.

Коғази пул барои арзишҳои 200 ва 500 сомонӣ 100 фоиз аз нахи пахта омода шуда, тарзи чопи пулҳо металлографӣ, офсетӣ ва барҷаста мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...