Радабандӣ: Интернети Тоҷикистон дар 10-гонаи суръаташ пасттарин дар ИДМ ва ҷаҳон

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тибқи гузориши нашрияи бритониёии Cable.co.uk, ки фаъолияти ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-ро муқоиса мекунад, Тоҷикистон аз лиҳози суръати интернет ба даҳгонаи кишварҳои суръаташон пасттарин ҳам дар ИДМ ва ҳам дар саросари ҷаҳон шомил аст.

Мувофиқи маълумоти гузориши нашршуда, боркунӣ (загружать)-и файли ҳаҷмаш 5 гигабайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо суръати 1,82 Мбит/сония имконпазир аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда байни 224 кишвар ҷумҳурии мо зинаи 211-умро ишғол мекунад.

Гуфта мешавад, дар баробари Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои суръати интернеташон пасттарин инчунин Туркманистон низ дохил аст, ки зинаи охирини 224-умро касб намуда, суръати боркунӣ дар ин кишвар ба ҳисоби миёна 0,50 Мбит-сонияро ташкил медиҳад.

Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) суръати интернет ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 12,87 Мбит/сонияро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ суръати баландтарини интернет дар Қирғизистон – боркунии 5 гигабайт бо суръати 7,44 Мбит/с (зинаи 155-ум) сабт шуда, ин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон ба 6,64 Мбит/с (зинаи 166-ум) ва Қазоқистон – ба 5,83 Мбит/сония баробар аст.

Миёни кишварҳои ИДМ дар сегонаи кишварҳои суръаташон баланд Русия (35,73 Мбит/с, зинаи 66-ум), Украина (25,26 Мбит/с, зинаи 77-ум) ва Беларус (19,86 Мбит/с, зинаи 92-юм) зикр шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти радабандии Worldwide mobile data pricing 2021, ки арзиши хидматрасониҳои марбутаро дар ин самт муайян мекунад, байни 231 кишвар Тоҷикистон дар мақоми 132-юм қарор дорад. Нархи 1 Гб интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба 4,65 доллар мерасад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2020 шумори корбарони интернет дар ҷумҳурӣ 3,34 млн нафар ва корбарони алоқаи мобилӣ – 7,3 млн нафарро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...