Қарзи берунаи Тоҷикистон дар 9 моҳ 18,4 млн доллар афзуд

Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дар оғози соли ҷорӣ ҳаҷми ин қарз 3 млрд 243,7 млн долларро ташкил дода, дар ин давра ба миқдори 18,4 млн доллар зиёд шудааст. Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар оғози соли ҷорӣ ҳаҷми ин қарз 3 млрд 243,7 млн долларро ташкил дода, дар ин давра ба миқдори 18,4 млн доллар зиёд шудааст.

Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии чунин қарзҳо 11,6 млн доллар афзуда, ба ҳолати 1 октябр 3 млрд 144 млн долларро ташкил додаанд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин ва Бонки исломии рушд то 8,9 млн доллар (аз 15 млн доллар дар аввали сол) кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми дигар қарзҳо бо кафолати давлатӣ то 111,4 млн доллар (аз 96,3 млн доллар) зиёд шудааст.

Дар Буҷети давлатии соли 2022 барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалби ҳудуди 290 млн доллар пешбинӣ шудааст.

Таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 38,2%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки таносуби ҳадди ниҳоии иҷозашудаи қарзи беруна нисбати МДД барои кишварҳои сатҳи даромадашон паст тибқи тавсияи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ 40%-ро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ба Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд низ дар ҳаҷми начандон зиёд қарздор мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.