Радабандӣ: Интернети Тоҷикистон дар 10-гонаи суръаташ пасттарин дар ИДМ ва ҷаҳон

Тибқи гузориши нашрияи бритониёии Cable.co.uk, ки фаъолияти ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-ро муқоиса мекунад, Тоҷикистон аз лиҳози суръати интернет ба даҳгонаи кишварҳои суръаташон пасттарин ҳам дар ИДМ ва ҳам дар саросари ҷаҳон шомил аст. Мувофиқи маълумоти гузориши нашршуда, боркунӣ (загружать)-и файли ҳаҷмаш 5 гигабайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо суръати 1,82 Мбит/сония имконпазир аст. Аз […]

Тибқи гузориши нашрияи бритониёии Cable.co.uk, ки фаъолияти ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-ро муқоиса мекунад, Тоҷикистон аз лиҳози суръати интернет ба даҳгонаи кишварҳои суръаташон пасттарин ҳам дар ИДМ ва ҳам дар саросари ҷаҳон шомил аст.

Мувофиқи маълумоти гузориши нашршуда, боркунӣ (загружать)-и файли ҳаҷмаш 5 гигабайт дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо суръати 1,82 Мбит/сония имконпазир аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда байни 224 кишвар ҷумҳурии мо зинаи 211-умро ишғол мекунад.

Гуфта мешавад, дар баробари Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои суръати интернеташон пасттарин инчунин Туркманистон низ дохил аст, ки зинаи охирини 224-умро касб намуда, суръати боркунӣ дар ин кишвар ба ҳисоби миёна 0,50 Мбит-сонияро ташкил медиҳад.

Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) суръати интернет ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 12,87 Мбит/сонияро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ суръати баландтарини интернет дар Қирғизистон – боркунии 5 гигабайт бо суръати 7,44 Мбит/с (зинаи 155-ум) сабт шуда, ин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон ба 6,64 Мбит/с (зинаи 166-ум) ва Қазоқистон – ба 5,83 Мбит/сония баробар аст.

Миёни кишварҳои ИДМ дар сегонаи кишварҳои суръаташон баланд Русия (35,73 Мбит/с, зинаи 66-ум), Украина (25,26 Мбит/с, зинаи 77-ум) ва Беларус (19,86 Мбит/с, зинаи 92-юм) зикр шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти радабандии Worldwide mobile data pricing 2021, ки арзиши хидматрасониҳои марбутаро дар ин самт муайян мекунад, байни 231 кишвар Тоҷикистон дар мақоми 132-юм қарор дорад. Нархи 1 Гб интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба 4,65 доллар мерасад.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2020 шумори корбарони интернет дар ҷумҳурӣ 3,34 млн нафар ва корбарони алоқаи мобилӣ – 7,3 млн нафарро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.