Ёдгор Файзов гуфт, “гунаҳкори асосии” ҳаводиси ахири Бадахшон кист

Asia-Plus

Раиси собици ВМКБ Ёдгор Файзов тавассути шабакаи маҳаллии телевизиони  «Бадахшон» дар бораи суҳбаташ бо сокинони ноҳияи Роштқалъа ва духтари «ҷабрдида» аз дасти ёрдамчии прокурор нақл кардааст.

Дар аввали суҳбат Файзов мегӯяд, ба ӯ телефонӣ хабар доданд, ки ҷавонони Роштқалъа ёрдамчии прокурори ин ноҳия (Абдусамад Абирзода)-ро ба бинои ҳукумат оварданд ва талаб карданд пеши сокинон ва фаъолон барои кирдораш бахшиш пурсад. Ба гуфтаи ӯ, он рӯзҳо дар вилоят овоза паҳн шуда буд, ба як духтар дар прокуратура зурӣ кардаанд.  

Собиқ раиси вилоят қайд мекунад, талаби ҷавонон он будааст, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шаъну шарафи хоҳаронашон – занони вилоят мерасанд ва чунин кормандон бояд дар ин сохторҳо кор накунанд.

Баъдан Ёдгор Файзов мегӯяд бо талаби вай ҷавононро ба прокуратура барои додани баёнот даъват карданд ва дар Хоруғ ӯ шахсан ин ҷавонон ва духтарро қабул намуда асли ҳодисаро пурсидааст.  

Файзов дар навори телевизионӣ мегӯяд, бадбахтӣ маҳз аз Ҳабиб Маҳмадов корманди шӯъбаи РВКД дар вилояти Бадахшон оғоз шудааст ва гунаҳгори асосии қазия низ ӯ мебошад.

«Оғози бадбахтӣ аз ҳамин одам аст, ки барои гирифтани шиносномаи қалбакӣ аз он духтар пулу мол талаб кард ва ба ваъдааш вафо накарду ӯро бо ёрдамчии прокурор шинос намуд”, – мегӯяд раиси собиқ.

Навори суҳбати собиқ раиси вилоятро дар зер тамошо кунед. Маълум нест нақли Ёдгор Файзов кай ва дар кадом шароит ба навор гирифта шудааст.

Таърихчаи ҳаводиси Хоруғ

Эътирози чоррӯзаи сокинони Бадахшон дар назди бинои ҳукумати вилоят рӯзи 25 ноябр бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони куштори як сокини сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардида, баъди ваъдаи иҷрои талаботи эътирозгарон аз ҷониби ҳукумати вилоят 29 ноябр хотима ёфт. Дар натиҷаи амалиёти мақомот ва эътирозҳо се нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд ва чандин нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла панҷ корманди мақомот.

Эътирозгарон даъво доштанд, ки Гулбиддин Зиёбеков дар пайи амалиёти мақомот кушта шудааст. Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ барои содир кардани ҷиноят аз рӯйи се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт ва ҳангоми боздошт муқовимат нишон дод ва ҳангоми тирпаронии ҷавобӣ захмӣ шуд. Мақомот Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Ба гуфтаи сокинон, мухолифат миёни марҳум Зиёбеков ва ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа – Абдусамад Абирзода пас аз он сар задааст, ки Абирзода ба сӯйи як хонуми маҳаллӣ дастдарозӣ кардааст. Ин хонум, ки бино ба иттилои таъйиднашуда аз хешовандони Зиёбеков будааст, ба ӯ муроҷиат мекунад ва моҷаро оғоз мешавад. Дар як наворе, ки он замон ва рӯзҳои ахир дар шабакаи интерент ба чархиш даромад, Абирзода занг заданаш ба ин духтарро ба гардан мегирад ва узрхоҳӣ мекунад.

Тафсилоти бештари ҳодисаро қадам ба қадам дар сюжети мо Эътироз дар Хоруғ хонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...