Электробусу троллейбуси истеҳсоли Тоҷикистон дар Душанбе ба кор оғоз карданд

Дар роҳҳои шаҳри Душанбе ба таври озмоишӣ равуои электробус ва троллейбуси насли нав оғоз шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” директори иҷроияи “Акиа Авесто Автоматив Индастри” Асрор Мирзоев хабар дод, онҳо дар Тоҷикистон ҷамъу васл шудаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, электробус пас аз пурра неру гирифтан то 200 км ва троллейбус бо неруи дар батареяҳо захирашуда […]

Дар роҳҳои шаҳри Душанбе ба таври озмоишӣ равуои электробус ва троллейбуси насли нав оғоз шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” директори иҷроияи “Акиа Авесто Автоматив Индастри” Асрор Мирзоев хабар дод, онҳо дар Тоҷикистон ҷамъу васл шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, электробус пас аз пурра неру гирифтан то 200 км ва троллейбус бо неруи дар батареяҳо захирашуда – то 40 км ҳаракат карда метавонанд. Ғунҷоиши онҳо 100 нафар мусофирро ташкил дода, дарозиашон – 12 метр аст.

“Тадриҷан афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ ​​дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки теъдоди мошинҳо бо истифодаи барқ, аз ҷумла электробусу троллейбус ва электромобилҳо зиёд шавад. Ба туфайли ин вобастагии ҷумҳурӣ аз кишварҳои содиркунандаи нафт камтар мешавад”, – мегӯяд Мирзоев.

Мирзоев изҳор намуд, ки баъди анҷоми озмоиш ширкат дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута аз давраи озмоишӣ натиҷагирӣ карда, дар корхонаи Akia Avesto  ба истеҳсоли як силсила электробусу тролеейбусҳо шурӯъ мекунад.

Зимнан зикр шуд, ки электробус ва троллейбус ба меъёрҳои аврупоӣ мутобиқ буда, лоиҳаи ҷамъу васли онҳо мувофиқи талабот барои бароҳатии мусофирон таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.