Дар Хуҷанд фоҳишахонаҳоеро ёфтанд, ки як зани 40-сола ба ташкили онҳо гумонбар мешавад

Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд даҳ ҳуҷраеро дарёфтанд, ки  ба сифати фоҳишахона истифода мешуданд. Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, як ҷавонзани 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 10 ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳр аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст. “Гуё чунин аст, аммо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд даҳ ҳуҷраеро дарёфтанд, ки  ба сифати фоҳишахона истифода мешуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, як ҷавонзани 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 10 ҳуҷраро, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳр аз соҳибонаш ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориашро дар самти меҳмонхонадорӣ ба роҳ мондааст.

“Гуё чунин аст, аммо милитсия ошкор намуд, ки дар асл дар ин макон зери ниқоби меҳмонхона фоҳишахона ташкил шудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар рафти санҷиши ҳуҷраҳои меҳмонхона кормандони милитсия дар 3 ҳуҷра ҷуфтҳои шаҳватпарастро берун оварданд, ки бо пардохти аз 100 то 150 сомонӣ соҳиби шароит гаштаанд.

“Хизматрасонии соатбайъ ҳамчун услуби мойилсозанда аз ҷониби соҳибкор истифода шудааст, – зикр мешавад дар хабар. – Яъне аз 100 то 150 сомонӣ маблағи пулӣ гирифта, маъмурияти меҳмонхона иҷозат медод, ки афроди шаҳватпараст муваққатан аз ҳуҷраҳо истифода баранд”.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи ноябри соли 2018 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятӣ бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Дар ин тағйироту иловаҳо сангинтар шудани ҷазо барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо пешбинӣ шуда буд.

Он замон зикр шуда буд, ки минбаъд барои такроран боздошт шудан, моликони фоҳишахонаҳо ба муҳлати аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Қаблан барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, қонунгузории Тоҷикистон барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ ҷазо муқаррар накардааст. Дар ҷумҳурӣ фоҳишагарӣ ҷиноят шуморида нашуда, қонуншикании маъмурӣ маҳсуб меёбад.

Дар Тоҷикистон барои фоҳишагарӣ дар ҳаҷми аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст. Агар зан дар давоми сол ду бор барои ин кор ба ҳабс гирифта шавад, пас аз 10 то 15 шабонарӯз боздошт шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.