Кумитаи дин: барои Ҳаҷҷи Умра мунтазири иҷозаи Ситоди мубориза бо коронавирусем

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ба Умра (ё тавре дар Тоҷикистон маъмул шудааст Ҳаҷҷи Умра) рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муҷовимат бо коронавирус ҳастанд. Дар ин бора аз худи Кумита ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Сухангӯйи Кумита мегӯяд, ки ҳамарӯза ба ин ниҳод даҳҳо шаҳрванд барои рафтан ба Умра муроҷиат мекунанд ва аз иҷоза нашудан шикоят мекунанд. 

"Сарфи назар аз ин ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони воксиншудаи мо иҷоза медиҳад, аммо мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявӣ ҳастем. Ҳоло корҳои омодагӣ барои фиристодани шаҳрвандон ҷараён дорад, вале мунтазири иҷозаи ниҳоии Ситодем",- гуфт Афшини Муқим, сухангӯйи Кумита.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи Кумита ба суоли ин ки, чаро то кунун масъалаи дарёфти иҷозаи Ситоди ҷумҳурявӣ, посух дода натавонист. Худи ин ситод, тавре пештар ҳам гуфта шуд, на сухангӯй дорад ва на намояндае барои робита бо расонаҳо.

Умра, яке дигар аз маросимҳои муқаддас барои мусалмонон аст, ки ҳар сол ба ҷуз замони Ҳаҷҷ (ё ҳаҷҷи фарзӣ) дар дигар моҳҳо сурат мегирад. 

Мувофиқи маълумоти Кумитаи дин, дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба Умра ду ширкат – "Расул" ва "Ормон" сару кор доранд, ки солона наздик ба 3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрат мераванд.

Аарабистони Саудӣ ба ҳамаи зойирини хориҷие, ки воксин задаанд, иҷозаи Умраро додааст. Аммо воксине, ки зойирин задаанд, бояд дар рӯйхати воксинҳое бошад, ки ҳукумати подшоҳӣ иҷозат додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...