Ҳукумат агар пазирад, дар Тоҷикистон мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 22 кам карда мешаванд

Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон шумораи мақомоти санҷишгар аз 26 ба 22 кам карда шаванд. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор шудааст, таъкид шудааст. Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки дар Тоҷикистон барои ислоҳоти бештар дар бахши санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор лоиҳаи сандаи меъёриву […]

Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон шумораи мақомоти санҷишгар аз 26 ба 22 кам карда шаванд. Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор шудааст, таъкид шудааст.

Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки дар Тоҷикистон барои ислоҳоти бештар дар бахши санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор лоиҳаи сандаи меъёриву ҳуқуқие омода шудааст, ки дар баррасии ҳукумат қарор дорад.

Дар сурати пазируфта шудани ин лоиҳа аз сӯйи ҳукумат, теъдоди мақомоти санҷишгар дар Тоҷикистон аз 26-тои кунунӣ ба 22 ниҳод кам карда мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар" дар ҷаласаи ин шӯро гуфта шудааст, ки тибқи ин лоиҳа минбаъд барои "танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ баҳри аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон якҷо бо вазорату идораҳои марбута мунтазам тадбирҳо андешида, бо назардошти таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амаликунандаи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ", он таҳия шудааст.

Дар Тоҷикистон, аз ин пештар теъдоди мақомоти санҷишгар 31 ниҳод буд, ки бо тавсия ва интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ба 26-то кам карда шуда буданд. 

Дар Тоҷикистон мақомоти санҷишӣ нақшаҳои санҷиши субъектҳоро бо Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки раҳбарияшро муовини сарвазир  ба дӯш дорад мувофиқа мекунанд. 

Аз ҷумла дар соли 2021 дар мувофиқа бо ин Шӯро аз сӯйи ҳамаи мақомоти санҷишӣ 41,3 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст, ки назар ба санҷишҳои солҳои пешин, аз ҷумла соли 2020 2,4 ҳазор, соли 2019 зиёда аз 6,7 ҳазор, соли 2018 тақрибан 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017 беш аз 30,6 ҳазор санҷиш кам будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.