Кумитаи дин: барои Ҳаҷҷи Умра мунтазири иҷозаи Ситоди мубориза бо коронавирусем

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ба Умра (ё тавре дар Тоҷикистон маъмул шудааст Ҳаҷҷи Умра) рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муҷовимат бо коронавирус ҳастанд. Дар ин бора аз худи Кумита ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Сухангӯйи Кумита мегӯяд, ки ҳамарӯза ба ин ниҳод даҳҳо шаҳрванд барои рафтан ба Умра муроҷиат мекунанд ва аз […]

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки барои ба Умра (ё тавре дар Тоҷикистон маъмул шудааст Ҳаҷҷи Умра) рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявии муҷовимат бо коронавирус ҳастанд. Дар ин бора аз худи Кумита ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Сухангӯйи Кумита мегӯяд, ки ҳамарӯза ба ин ниҳод даҳҳо шаҳрванд барои рафтан ба Умра муроҷиат мекунанд ва аз иҷоза нашудан шикоят мекунанд. 

"Сарфи назар аз ин ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони воксиншудаи мо иҷоза медиҳад, аммо мунтазири иҷозаи Ситоди ҷумҳурявӣ ҳастем. Ҳоло корҳои омодагӣ барои фиристодани шаҳрвандон ҷараён дорад, вале мунтазири иҷозаи ниҳоии Ситодем",- гуфт Афшини Муқим, сухангӯйи Кумита.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи Кумита ба суоли ин ки, чаро то кунун масъалаи дарёфти иҷозаи Ситоди ҷумҳурявӣ, посух дода натавонист. Худи ин ситод, тавре пештар ҳам гуфта шуд, на сухангӯй дорад ва на намояндае барои робита бо расонаҳо.

Умра, яке дигар аз маросимҳои муқаддас барои мусалмонон аст, ки ҳар сол ба ҷуз замони Ҳаҷҷ (ё ҳаҷҷи фарзӣ) дар дигар моҳҳо сурат мегирад. 

Мувофиқи маълумоти Кумитаи дин, дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба Умра ду ширкат – "Расул" ва "Ормон" сару кор доранд, ки солона наздик ба 3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрат мераванд.

Аарабистони Саудӣ ба ҳамаи зойирини хориҷие, ки воксин задаанд, иҷозаи Умраро додааст. Аммо воксине, ки зойирин задаанд, бояд дар рӯйхати воксинҳое бошад, ки ҳукумати подшоҳӣ иҷозат додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.