Парвандаи ҷиноӣ бар пайи сӯхтори корхонаи пахтаи Мастчоҳ: “қасдан оташ задаанд”

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Мастчоҳ бо гузашти беш аз ду ҳафта аз сӯхтори корхонаи пахтаи “Музаффар Ко” расман эълом кард, ки онро қасдан оташ задаанд. Мақомоти милитсияи Мастчоҳ аз руйи моддаи 255 ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардааст.

Дар ин бора Неъматҷон Идизода, сардори идораи сухторнишрнии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, оташсӯзии саҳари 25-уми ноябр дар умум ба корхонаи пахта 46 миллион сомонӣ зарар расонидааст.

“Сӯхтор 450 метри мураббаъ корхонаи пахтаи “Музаффар Ко”-ро фаро гирифт. Зарари расидаи аз сӯхтор 42 миллио аз нахи пахта ва 4 миллион сомонӣ аз молу амволи дигар ҳисоб шуд ва мавод барои таҳқиқ ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ирсол шуд”,-гуфт, Неъматҷон Идизода 

Дар натиҷаи сӯхтор 1100 тонна нахи пахтаи тайёр дар коми оташ монда, сӯхторнишонон тавонистаанд танҳо 400 тоннаи онро аз коми оташ наҷот диҳанд. Идизода афзуд, феълан мақомоти милитсияи ноҳияи Мастчоҳ ба таҳқиқи қазияи оташсӯзии корхонаи пахта шурӯъ кардааст ва гунаҳкорони ин ҳодисаро ин ниҳод мушаххас мекунад.

Ҳарчанд мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ба таври расмӣ намегӯянд, ки чӣ касе дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешавад, аммо як манбаъ аз мақомоти қудратии ин ноҳия мегӯяд, ки ҳанӯз баъди чанд рӯзи ҳодиса соҳиби ин корхона ба ҳукумат муроҷиат кардааст, ки барояш сабукиҳо биҳанд.

Корхонаи пахтаи “Музаффар Ко” яке аз азимтарин корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияи Мастчоҳ ва вилояти Суғд ҳисоб меёбад, ки ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дорад. Ин соҳибкор дар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса борҳо аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ кард.

Раёсати оташнишонии вилояти Суғд низ то анҷоми таҳқиқи ҳодиса, то кунун расман  ҷузъиёти ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Қаблан манобеи “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфта буданд, ки соҳиби ин корхона дар номае аз мақомот хостааст, ки дар пардохти маблағҳои андоз ба ӯ сабукӣ дода шавад. Гуфта мешавад дар корхонаи пахтаи “Музаффар Ко” 288 хоҷагии деҳқонии ин ноҳия пахта доштанд.

Барқасдона оташ задани ин корхонаи пахта дар ҳолест, ки 21-уми октябри имсол бозори масолеҳи сохтмонии “Баракат” дар вилояти Суғд низ айнан бо ҳамин ҷурм оташ зада шуд. Аммо то ҳол мақомот дар мавриди оғози парвандаи ҷиноӣ ё боздошти гумонбарони ин ҳодиса чизе нагуфтаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...