Холаи Фотима, дарвозизане, ки бо раисҷумҳур “чақ-чақ” кард, 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза озмуни “Фурӯғ…”-ро бурд

Ба Фотима Сулаймоноваи 65-сола,  зани дарвозие, ки суҳбаташ дар моҳи октябр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурвокуниш шуд, дар даври ҷумҳурявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд. Ин ҷоиза ба Фотима Сулаймонова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи холаи Фотима маъмул шуд, аз номи президенти Тоҷикистон тақдим шудааст. […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ба Фотима Сулаймоноваи 65-сола,  зани дарвозие, ки суҳбаташ дар моҳи октябр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурвокуниш шуд, дар даври ҷумҳурявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд.

Ин ҷоиза ба Фотима Сулаймонова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи холаи Фотима маъмул шуд, аз номи президенти Тоҷикистон тақдим шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати маориф мегӯяд, ки дар баробари холаи Фотима ҳамчунин ба 39 нафар ширкаткунандаи фаъоли ин озмун низ аз номи раисҷумҳур 5000-сомонӣ ҳадя шудааст.  Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод ба 20 ширкаткунандаи фаъоли дигар низ 2000 сомонӣ аз сӯйи Вазорати маориф тақдим шудааст. 

Холаи Фотима дар бахши адабиёти муосир дар ин озмун довталаб буд, ки ҳарчанд ба гирифтани мақоме сазовор нашудааст, вале ҳамчун ширкаткунандаи фаъол 5000 сомонӣ ҷоиза бурдааст.

Ҳамчунин ба 21 нафар падару модари ғолибони озмун низ нишони “Маърифатпарвар” эҳдо шудааст.

Маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки холаи Фотима ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раисҷумҳур дар Дарвоз ба коркардҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳогузории баланд карда, ба шеваи маҳаллӣ гуфта буд, ки “Дшамбӣ сохти Париж шияст”  ва ҳамин тариқ чанд дақиқа бо расиҷумҳур сӯҳбатҳои шӯхиомез карда буд. Баъдан навори суханронии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ҳаводорони зиёд дошт.

https://www.youtube.com/watch?v=Dn5RhUAkuD8

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.