Оғози таҳқиқоти нав дар Тоҷикистон оид ба кадом расонаҳоро бештар писандидани аҳолӣ

Asia-Plus

Таҳқиқоти мазкур назарсанҷии зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аҳолии кишварро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он маълум хоҳад гашт, ки мардуми кишвар бештар кадом шабакаҳои телевизионро тамошо мекунанду кадом радиоро гӯш меандозанд ва кадом газетаву маҷалларо зиёдтар мехонанд.

Илова бар ин, дар таҳқиқот маълум карда хоҳад шуд, ки аҳолӣ кадом тарзи нави расонидани маълумотро тариқи интернет-гаҷетҳо – сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, месенҷерҳо ва почтаҳои электронӣ интихоб намудааст, мегӯяд Набӣ Юсупов, директори ТҶ “Медиа консалтинг”, ки ба таҳқиқот машғул мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, тариқи муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои ахбори умум таҳқиқот метавонад ба се ҳадаф ноил гардид.

Якум, муайян кардани аудиторияи корбарон ва сатҳи истифода аз ВАО. Дуюм, кумак ба ВАО-ватанӣ ҷиҳати сифатан беҳбуд бахшидан ба мундариҷаи расона. Ва сеюм, кумак ба манбаъҳои маълумот дар муайян кардани ВАО-и бештар пуррсамар барои паҳнкуниву таблиғи маълумоте, ки бевосита ба аудиторияи ҳадафноки онҳо таъин шудааст.

Таҳқиқоти кадом расонаҳоро бештар писандидани аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Медиа консалтинг” мебошад, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанг ва Маркази таҳқиқоти иҷтимоии “Зеркало” амалӣ мешавад. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои татбиқи он грант ҷудо кард.

Қобили зикр аст, ки чунин таҳқиқот аллакай маротибаи сеюм гузаронида мешавад. Ду таҳқиқоти аввал солҳои 2018 ва 2019 баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...