Ҷузъиёти таҷовуз ва қатли духтари 9-сола аз назари Додситонии кул

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 23 декабр дар сомонаи расмиаш ҷузъиёти таҷовуз ва қатли як духтари 9-сола аз ҷониби марди 45 соларо шарҳ додааст. Гунаҳкори ин ҷиноят Рустам Болтахонов мебошад, ки моҳи ноябри соли равон ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.

Додситонӣ менависад, ки ҳодиса рӯзи 16 август рух дода, Болтахонов дар ҳолати мастӣ ноболиғро бо роҳи фиреб ва додани 10 сомонӣ ва ширинӣ ба хонааш даъват карда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ба ин қонеъ накарда, ҷинояткор ноболиғро таҷовуз кардааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҳуш меравад. Духтар баъди ба ҳуш омадан гиря карда, мегӯяд, ки ҳодисаро ба модараш нақл мекунад.

– Болтахонов Р. И. бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва руйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол Бобокалонова М.М. истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст,- мегӯяд Додситонӣ.

Баъди ин тахминан соатҳои 21:22 ҷасади хурдсолро ба дохили ҷуйбори сементии (латок) назди дарвозааш мепартяод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ баъдан духтарро аз онҷо пайдо карданд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки як рӯз пас аз ҳодиса, 17 август додситони вилояти Хатлон нисбати Рустам Болтахонов бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, “одамкӯшӣ”, “таҷовуз ба номус”, “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ”парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, додгоҳи Хатлон онро баррасӣ кард.

–  Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст,- менависад додситонӣ.   

Назари волидони духтари ноболиғ ва пайвандони маҳкумшуда то ҳол маълум нест.

Моҳи ноябри соли равон додгоҳи вилояти Хатлон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...