Барнамегардонем: Моҷарои $800 ҳазор доллар миёни сафири Афғонистон дар Душанбе ва Толибон

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 800 ҳазор доллареро, ки ҳукумати "Толибон" мехоҳад сафорат ба Кобул бозпас бифристад, барнамегардонанд. Ағбар, имрӯз, 23-юми декабр, баъди як ҳамоиш дар қароргоҳи сафорати Афғонистон, дар суҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “Толибон” ҳақ надоранд баргардонидани ин маблағро талаб кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, сафорати Афғонистон як идораи расмии […]

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 800 ҳазор доллареро, ки ҳукумати "Толибон" мехоҳад сафорат ба Кобул бозпас бифристад, барнамегардонанд.

Ағбар, имрӯз, 23-юми декабр, баъди як ҳамоиш дар қароргоҳи сафорати Афғонистон, дар суҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “Толибон” ҳақ надоранд баргардонидани ин маблағро талаб кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, сафорати Афғонистон як идораи расмии кишвари Афғонистон аст ва аз ин рӯ, маблағҳои мутафовите ба инҷо сарозер мешаванд ва "Толибон" ҳақ надоранд суолҳое дар ин замина бикунанд.

Баҳси 800 ҳазор доллари ворезшуда ба сафорати Афғонистон дар Душанберо хабаргузории “Пажвок”-и Кобул расонаӣ кард.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ дар охирин рӯзгори ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе “саҳван” 786 ҳазор доллар ҳавола шудааст, ки акнун "Толибон" бо ирсоли номае хостанд ин пул дубора ба Кобул бозпас ҳавола шавад.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки ин пул огоҳона ворез  ва аз ҳисоби бонкии сафорат гирифта шудааст.

“Аввал ин ки мо гуруҳи "Толибон"-ро ба расмият намешиносем. Дигар ин ки инҳо кӣ ҳастанд, аз мо талаб мекунанд, ки пулро баргардонем. Сафорати Афғонистон дар Душанбе як Афғонистони кӯчаки дигаре аст ва ин ҷо мардумони мутаадиде кору зиндагӣ мекунанд ва ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе аст, ки имкон дорад мо ҳазинаҳое пайдо кунему дар ихтиёрашон бигузорем”,-мегӯяд сафири Афғонистон.

Ағбар баҳси пулҳои “иштибоҳан” ворезшударо ба мавзеъгириҳои сафорат дар баробари "Толибон" рабт медиҳад ва мегӯяд, ки чаро онҳо ин иштибоҳро дар баробари сафоратҳои дигар накарданду, дар баробари сафорати Душанбе карданд.

“Маълум аст, ки шамшери ин сафорат дар баробари онҳо тез аст ва дар баробари онҳо мубориза мекунад”,- гуфт Ағбар.

“Пажвок” навиштааст, ки ин пул ба номи хароҷоти сафорат интиқол ёфта, аммо Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар маслиҳат бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҳисоби бонкии сафорат берун кашида шудааст.

Хабаргузори матни номаи вазорати молияи "Толибон"-ро ба сафорати Афғонистон дар Душанбе нашр карда, ки дар он гуфта мешавад, 31-уми июли соли 2021 (10-уми асади 1400 ҳиҷрии қамарӣ) вазорати молия ба сафаорат бар иловаи 87292,08 доллар барои маош ва бимаи тиббии дипломатҳову кормандони маҳаллӣ, саҳван 785628 доллар низ интиқол гардидааст.

Вазорати молияи Толибон хостааст, ки ин маблағи изофӣ “ҳар чи оҷил ба ҳисоби воридоти давлат дар “Бонки Афғонистон” дубора интиқол шавад”.

“Пажвок” бо нақли қавл ба як корманди сабукдӯшшудаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ки аз ӯ ном намебарад, навиштааст, ки “ин пул дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешин, бо номи маош, бима ва масрафҳои се соли ояндаи сафорат ба Тоҷикистон интиқол шуда буд”.

Ин манбаъи “Пажвок” гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳисоби бонкии сафорати Душанбе баста шудааст.

Сухангӯи вазорати молияи Афғонистон, дар мавриди берун кардан пули ёдшуда аз ҳисоби бонкии сафорат гуфтааст: «ин пули расмӣ аст, аз одрас (нишона)-и расмӣ интиқол шуда, агар имрӯз бошад ва ё фардо сафорати мо фаъол мешавад, дар он сурат Ағбар ҳар ҷойе, ки бошад маҷбур аст, ки ин пулро дубора бипардозад».

Ба навиштаи “Пажвок” Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар як паём аз тариқи WhatsApp ба суолҳои онҳо посух додааст, ки: «низоми Толибон ва номаи толибон назди мо расмият надошта, вазорати хориҷаи Афғонистон ва сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ амалан фаъол буда, сафорат Афғонистон дар Тоҷикстон дар тамом маворид мутобиқи ҳидояти мақом вазорати хориҷа ва сарпарасти раёсатҷумҳурӣ (Амруллоҳ Солеҳ)-и кишвар вазоифи худро думбол менамояд, дар тамоми маворид наздшон масъулият дорад».

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.