Русия барои татбиқи лоиҳаи СММ дар самти дастгирии ҷавонони Тоҷикистон $2 млн ҷудо кард

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Русия лоиҳаи навро барои ҷавонон – “Тавсеаи имконоти ҷавонон тариқи рушди малакаҳои касбӣ ва мусоидат ба инноватсияҳо дар Тоҷикистон” ба маблағи 2 млн доллар роҳандозӣ мекунад.

“Дар бораи ташаббуси нав, ки баҳри амалисозии он Русия 2 млн доллар ҷудо мекунад, 1 январи соли 2022 хабар медиҳем”, – хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар ҷаласаи кумитаи раҳбарии лоиҳаҳои муштараки Русия ва Барномаи рушди СММ.

Зикр шудааст, ки ин лоиҳа бояд ҷавонони фаъолеро фаро гирад, ки ба рушд ва такмили малакаҳои касбии худ майл доранд.

Дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ таъсиси 350 ҷойи нави корӣ бо назардошти талаботи муосири бозори кор ба нақша гирифта шудааст”, – иброз доштааст дипломат.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи лоиҳа ба ҷавонони минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар лоиҳаи мазкур коршиносони Русия ва оператори телекоммуникатсионии “Мегафон-Тоҷикистон” кор хоҳанд кард.

Зимни муаррифии лоиҳа намояндаи Барномаи рушди СММ Фирӯз Саидхоҷаев ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, фарогирии минтақавии он бо такя ба маҳалҳои дурдасти деҳот, муҷаҳҳаз гардонидани як қатор муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, муҳлати амалисозии лоиҳа чор солро дар бар гирифта, соли 2025 ба итмом мерасад.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукуматиТоҷикистон Хуршед Қодирӣ, намояндагони Барномаи рушди СММ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...