Тадбирҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон барои муқовимат бо терроризм

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов ва ҳамтои тоҷики ӯ Содиқ Имомӣ масоили муқовимат бо террорзим ва ифротгароиро дар пасманзари ҷараёни вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ба масъалаи таҳқими ҳамкориҳои соҳавии Русия ва Тоҷикистон ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи […]

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов ва ҳамтои тоҷики ӯ Содиқ Имомӣ масоили муқовимат бо террорзим ва ифротгароиро дар пасманзари ҷараёни вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ба масъалаи таҳқими ҳамкориҳои соҳавии Русия ва Тоҷикистон ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Вохӯрии намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар рӯзи 22 декабр дар Маскав дар доираи даври навбатии машваратҳои Русия ва Тоҷикистон оид ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои нав доир гардид.

Дар вохӯрӣ ягонагии бархӯрдҳо ба роҳандозии кор дар самти зиддитеррористӣ, инчунин дар доираи муқовимат бо дигар чолишҳо ва таҳдидҳо бо нақши марказии ҳамоҳангсози СММ ва Шӯрои амнияти он дар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ шуд.

Гуфта мешавад, Сиромолотов ва Имомӣ ба масъалаи муқовимат бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ва зарурати муттаҳидсозии талошҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ (глобалӣ) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Дар бораи тавсеаи бомароми муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ мувофиқа ҳосил шуд.

Қаблан вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамоҳангсозии иқдомот дар мавриди вазъ дар Афғонистон ба мувофиқа расида буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.