Нарху таърифаҳо дар Тоҷикистон аз оғози сол 7,5% боло рафтанд

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 7,5%-ро ташкил дод, гуфта мешавад дар гузориши Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Бино ба маълумоти манбаъ, нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 6,6%, маҳсулоти ғайриозуқа – 6,9% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 11,5% боло рафт. Маҳсулоти озуқаворӣ: – сабзавот – 14,4%; – равған ва […]

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон 7,5%-ро ташкил дод, гуфта мешавад дар гузориши Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 6,6%, маҳсулоти ғайриозуқа – 6,9% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 11,5% боло рафт.

Маҳсулоти озуқаворӣ:

– сабзавот – 14,4%;

– равған ва чарбуҳо – 21,4%;

– маҳсулоти гӯштӣ – 16,3%;

– маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 4,0%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

– бензин – 1,8 баробар;

– гази моеъ – 1,7 баробар;

– сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 1,7 баробар;

– маводи шустушӯйӣ – 3,1%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

– роҳкирои микроавтобус (маршрутка) – 45,0%;

– роҳкирои автобуси шаҳрӣ – 17,9%;

– хизматрасониии тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 3,7%.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2020 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт. Аммо аз рӯи натиҷаҳои сол сатҳи рекордии таваррум тайи даҳ соли ахир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.