Дар Душанбе консерт ва “салют”-и солинавӣ намешавад

Шаҳрдории Душанбе баргузории шоу-барномаи солинавиро дар майдони асосии пойтахти Тоҷикистон бо шумули мушакафканӣ (салют) дар нақша надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдории пойтахт Ҷамшед Олимов. “Ба хотири пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, эмин нигоҳ доштани солимии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19 дар майдони асосии шаҳри Душанбе баргузории […]

Шаҳрдории Душанбе баргузории шоу-барномаи солинавиро дар майдони асосии пойтахти Тоҷикистон бо шумули мушакафканӣ (салют) дар нақша надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдории пойтахт Ҷамшед Олимов.

“Ба хотири пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, эмин нигоҳ доштани солимии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19 дар майдони асосии шаҳри Душанбе баргузории барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ нашудааст”, – иброз дошт вай.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, имсол ба баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ иҷоза дода шуд. Дар кӯдакистонҳо чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Олимов ҳамчунин хабар дод, ки барои сокинони шаҳр ва меҳмонони пойтахт дар остонаи Соли нав дар як қатор бозорҳои бузург, аз ҷумла “Меҳргон”, “Саховат”, “Ховарон” ва назди боғи “Куруши Кабир” ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шудаанд. Ин ярмаркаҳо то 31 декабр кор карда, дар онҳо маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон дар муқоиса бо бозорҳо харидан мумкин аст.

Ба гуфтаи манбаъ, тамоми шаҳр ба пешвози Соли нави мелодии 2022 омода буда, кӯчаҳои марказӣ ва дигар хиёбону мавзеъҳои шаҳр бо арчаву дигар рамзҳои солинавӣ оро дода шудаанд.

Арчаи солинавии асосии кишвар дар майдони “Дӯстӣ” имсол 9 декабр қомат афрохт. Баландии арча 30 метр ва масоҳати гирду атрофи пояи он 16,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.