Ширкати пулчинаки IRS нархи сафар дар роҳи Душанбе-Чаноқро боло бурд

Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), ки аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ягона роҳи пулакии Тоҷикистон – "Душанбе-Чаноқ" пул ҷамъ мекунад, хабар додааст, ки аз 1-уми январ таърифаҳои сафар дар ин роҳҳро боло мебарад.  IRS роҳкирои гузаштан аз як плазаро вобастаа ба тарозуҳо аз 2 то 19 сомонӣ боло бурдааст. Хабари боло бурдани таърифаҳоинав имрӯз, дар сомонаи расмии […]

Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), ки аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ягона роҳи пулакии Тоҷикистон – "Душанбе-Чаноқ" пул ҷамъ мекунад, хабар додааст, ки аз 1-уми январ таърифаҳои сафар дар ин роҳҳро боло мебарад. 

IRS роҳкирои гузаштан аз як плазаро вобастаа ба тарозуҳо аз 2 то 19 сомонӣ боло бурдааст. Хабари боло бурдани таърифаҳоинав имрӯз, дар сомонаи расмии ширкат нашр шудааст. 

Ин ширкат гуфтааст, ки боло бурдани нархро бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мувофиқа кардааст, ки ҳамакнун аз 1 янври соли 2022 иҷроӣ мешаванд.

Ширкат сабаби болоравии таърифҳоро пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир,  беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА ва корношоям шудани ҷузъҳо ва унсурҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ маънидод кардааст.

Ҳоло бар асоси таърифаҳои нав ронандагони категорияи 1 – уми автомошинҳо барои аз Душанбе то Хуҷанд расидан 83 сомонӣ мепардозанд, ки қабл аз ин 55 сомонӣ буд. Ин таърифа нисбат ба арзиши қаблӣ 28 сомонӣ ё 51% бештар аст. Ин ширкат гуфтааст, ки рондагони ин категорӣ агар ҳаққи истифодаи роҳҳро ғайринақдӣ бипардозанд, назар ба пардохти нақди арзонтар буда, ҳамагӣ 69 сомонӣ мешавад.

Арзиши истифодаи роҳ барои ронандаҳои категорияи дувум ба 210 сомонӣ расидааст, ки то ин вақт 167 сомонӣ буд. Тафовути болоравии нарх 43 сомонӣ ё 25% аст. Арзиши пардохти ғайри нақдӣ дар ин бахш 196 сомонӣ мебошад. 

Ширкат барои ронадагони категории сеюм таърифаҳоро то 476 сомонӣ боло бурдааст, ки онҳо то ин вақт ҳамагӣ 433 сомонӣ пардохт мекарданд. Дар ин бахш нарх 43 сомонӣ ё 9% гарон шудааст. Ҳаҷми пардохти ғайринақдӣ дар ин категорӣ 461 сомонӣ аст. 

Бар асоси ин таърифаҳо арзиши истифодаи роҳ барои категорияи чоруми ронадаҳо 590 сомонӣ шуд, ки пештар 544 сомонӣ буд. Арзиши ғайринақдӣ 576 сомонӣ аст. Сатҳи гароншавӣ дар ин бахш 46 сомонӣ ё 8%-ро дар бар мегирад.

Ширкати IRS дар баробари масъулияти пулгирӣ, ҳамчунин масъулияти нигаҳдории ин роҳи "Душанбе-Чаноқ"-ро низ ба дӯш дорад. 

Дафтари матбуоти ширкат навиштааст, ки "IRS ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат баҳри сари вақт таъмир намудани қисмҳо ва элементҳои корношоямшудаи роҳ ва амалӣ намудани дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳ, маблағи зиёд сарф намуда истодааст".

Ҳарчанд, ки ширкат иддао мекунад, ки давоми фаъолияташ дар Тоҷикистон боре нархи тарофаҳоро баланд накардааст, вале соли 2017 расонаҳо бо такя ба IRS хабар дода буданд, ки ин ширкат роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурда буд.

Ширкат он замон гароншавии нархро ба он рабт дода буд, ки бисёре аз таърифаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкил эҷод мекард ва ширкат нархҳоро бутун кард. 

Ёдовар мешавем, ки ширкати IRS бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи истифодаи роҳ мегирад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он амал  ва шароити кори ширкатро созишномаи чанд сол пеш имзошуда танзим мекунад. Ин ширкат ҳамчунин аз пардохти  бархе навъҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.