Шералӣ Мирзо аз зикри ҳаҷми маблағи ҷамъшуда аз “хидмати пулакӣ” худдорӣ кард

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шикоятҳо аз идомаи ҷалби иҷборӣ (облава) – и ҷавонон ба артишро рад кард ва ба суоли хабарнигорон дар мавриди миқдори маблағи ҷамъшуда аз ҳисоби “хидмати пулакӣ”, худдорӣ кард. Номбурда имрӯз, 22-юми декабр баъди як ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбати кутоҳ бо хабарнигорон гуфт, дар даъвати тирамоҳӣ бо онҳо дар мавриди ҷалби иҷборӣ […]

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шикоятҳо аз идомаи ҷалби иҷборӣ (облава) – и ҷавонон ба артишро рад кард ва ба суоли хабарнигорон дар мавриди миқдори маблағи ҷамъшуда аз ҳисоби “хидмати пулакӣ”, худдорӣ кард.

Номбурда имрӯз, 22-юми декабр баъди як ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбати кутоҳ бо хабарнигорон гуфт, дар даъвати тирамоҳӣ бо онҳо дар мавриди ҷалби иҷборӣ ё “облава”-и ҷавонон ба артиш  шикояте ворид нашудааст.

Ӯ аз шарҳи бештари ин масъала худдорӣ кард ва ба суоли батакрори хабарнигрон дар мавриди он ки бо вуҷуди хотима ёфтани маъракаи даъвати ҳарбӣ шикоятҳо дар мавриди “облава” идома дорад, кутоҳ гуфт “чунин нест”.

Шералӣ Мирзо ҳамчунин, ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар мавриди ҷамъ шудани чӣ миқдор маблағ аз ҳисоби ҷавононе, ки имсол тариқи маблағ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, гуфт, “дар ин маврид як барномаи алоҳидаи телевизионӣ таҳия шудааст ва бегоҳи имрӯз, 22 декабр пахш хоҳад шуд”.

Вазири дифоъ аз ҷузъиёти бештари ин масъала низ худдорӣ кард.

Бо вуҷуди ин ки вазири дифои кишвар, шикоят дар бораи “облава”-и ҷавононро рад кард, бархе ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон бо хотима ёфтани  маъракаи даъвати ҳарбӣ шикоят мекунанд, ки “облава”-и ҷавонон ба артиш идома дорад. Ҳамичунин дар даъвати тирамоҳии имсол чанд мавриди "облава" расонаӣ низ шуда буд ва бархеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳато наворҳои видеоӣ нашр карданд.

Аз ҷумла, чанде пеш, наздикони як сокини 20-солаи шаҳри Турсунзода ба “Азия-Плюс” шикоят намуданд, ки ӯро мустақиман дар назди зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба артиш бурдаанд. Ҳарчанд дар  Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб доир ба ин масъала изҳори бехабарӣ намуданд, вале ба гуфтаи наздикони ҷавон, ӯ 2 сол инҷониб барои пулкоркунӣ дар Русия қарор дошта, 9 декабр пас аз фаҳмидани бемории бибиаш таъҷилан ба ватан омадааст.

Аз ин пештар як нафари дигар дар бораи ҳодисаи “облава” ба “Азия-Плюс” шикоят карда буд. Ӯ дар бораи ногаҳон аз донишгоҳ хориҷ шудан ва ба артиш бурдани бародараш нақл кард.

“Бародари хурдии ман Фурқатҷон Рӯзиев дар факултаи кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард. То ин дам ӯ мудом дар дарсҳо иштирок мекард ва пули шартномаи таҳсилро саривақт пардохт кард. Лекин 7 декабр ӯро аз донишгоҳ гирифта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Аз куҷое дар китоби давомоти донишгоҳ зиёда аз 48 соат аломати “ғоиб будан дар дарс” (НБ) пайдо шудааст”, – навишта буд корбар.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ҳамсабақонаш мегӯянд, ки ӯ дар ҳамаи машғулиятҳо ҳузур дошт.

Ҳамчунин, рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо “Азия – Плюс”  раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Дилрабо Самадова гуфта буд, ки дар мавриди “облава“-и ҷавонон тақрибан ҳар рӯз шикоят мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, "агар соли гузашта зиёда аз 300 нафар аз поймол шудани ҳуқуқашон дар вақти даъват шикоят карда буданд, имсол ин омор қариб ба 1000 нафар расид."

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ҳанӯз 30 ноябр маъракаи даъваи тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ба охир расида, нақшаи даъват 100% иҷро шудааст, лекин дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки дар шаҳру навоҳӣ аллакай омодагӣ ба даъвати баҳорӣ оғоз шудааст.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол маълум нест, ки чӣ тедоде аз хоҳишмандон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.