Навоварӣ дар облава? Дар Кӯлоб ҷавонеро мустақиман аз ҳавопаймо ба артиш бурданд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро мустақиман дар назди зинапояи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба артиш сафарбар намуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони ҷавон хабар дод. Лекин дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб изҳор намуданд, ки дар бораи ин ҳодиса хабар надоранд.

Ба гуфтаи наздикони ҷавон, ӯ 2 сол инҷониб барои пулкоркунӣ дар Русия қарор дошта, 9 декабр пас аз фаҳмидани бемории бибиаш таъҷилан ба ватан омадааст.

“Ҷавон бо хатсайри Калуга-Кӯлоб омада, волидонаш ӯро дар хона интизор будаанд, лекин ногаҳон занг зада, хабар медиҳад, ки ба дасти “сарбозшикорчиён” афтодааст. Кормандони фурудгоҳ ба ӯ гуфтаанд, ки ҷавонро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурдаанд ва сумкаи писарашро ба ӯ додаанд”, – иброз дошт хешовандаш.

Ба қавли ӯ, пас аз ин падари ҷавон ба Ҳамадонӣ меравад, лекин дар он ҷо ҳам писарашро пайдо намекунад.

Бо гузашти як шабонарӯз ҷавон худаш занг зада, хабар медиҳад, ки дар комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар қарор дорад ва ба наздикӣ ӯро ба қисми ҳарбӣ сафарбар мекунанд.

“Вақте ки падараш ба Бохтар меояд, миёнаравоне пайдо шуда, ба ивази раҳоии фарзандаш аз ӯ маблағи барояш хеле зиёдро талаб мекунанд, лекин ӯ розӣ намешавад. Рӯзи 12 декабр ҷиянамро ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода фиристоданд”, – гуфт хеши наваскар.

Дар ҳамин ҳол, Қурбон Сафаров, муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки баъди анҷоми маъракаи даъват ӯ дигар кормандони комиссариатҳои ҳарбиро дар наздикии фурудгоҳ надидааст.

“То анҷоми даъват чанде бо либоси мулкӣ назди даромадгоҳи фурудгоҳ меистоданд, лекин зиёда аз як ҳафта аст, ки онҳоро дар ин ҷо мушоҳида накардаам. Дар бораи “шикор” (облава)-и ҷавони 20-сола чизе нашунидаам ва хабар надорам”, – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин дар посух ба саволи чӣ гуна ба дасти падараш расидани сумкаи ҷавон ӯ мушкилӣ кашид.

“Сарбозшикор” дар донишгоҳҳо”

Боз дар бораи як ҳодисаи “сарбозшикор” ба “Азия-Плюс” корбари расона хабар дод. Ӯ дар бораи ногаҳон аз донишгоҳ хориҷ шудан ва ба артиш бурдани бародараш нақл кард.

“Бародари хурдии ман Фурқатҷон Рӯзиев дар факултаи “Киммиё ва биология”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард. То ин дам ӯ мудом дар дарсҳо иштирок мекард ва пули шартномаи таҳсилро саривақт пардохт кард. Лекин 7 декабр ӯро аз донишгоҳ гирифта, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Аз куҷое дар китоби давомоти донишгоҳ зиёда аз 48 соат аломати “ғоиб будан дар дарс” (НБ) пайдо шудааст”, – навиштааст корбар.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ҳамсабақонаш мегӯянд, ки ӯ дар ҳамаи машғулиятҳо ҳузур дошт.

“Ҳамон рӯз ӯро аз донишгоҳ хориҷ карда, ба артиш мебаранд. Куҷост адолат ва мо ба кӣ бовар кунем?”, – савол медиҳад корбар.

То замони омода шудани хабар “Азия-Плюс” бо Вазорати мудофиа дар тамос шуда натавонист, то ки аз рӯи ин далелҳо шарҳ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ҳанӯз 30 ноябр маъракаи даъваи тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ба охир расида, нақшаи даъват 100% иҷро шудааст, лекин дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки дар шаҳру навоҳӣ аллакай омодагӣ ба даъвати баҳорӣ оғоз шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...