Дар маркази Душанбе насби арчаи солинавӣ оғоз шуд

Дар Душанбе омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ оғоз шуд. Аз ҳоло аллакай корҳои гузоштани арчаи асосии солинавии кишвар дар майдони Дӯстӣ ҷараён доранд. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” Шарофиддин Талабов хабар дод, баландии арча 30 метр ва масоҳати гирду атрофи пояи он 16,5 метрро ташкил хоҳад […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ оғоз шуд. Аз ҳоло аллакай корҳои гузоштани арчаи асосии солинавии кишвар дар майдони Дӯстӣ ҷараён доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” Шарофиддин Талабов хабар дод, баландии арча 30 метр ва масоҳати гирду атрофи пояи он 16,5 метрро ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ, дар баробари арча то 10 декабр дар майдон бояд дигар иншооти солинавӣ низ гузошта шаванд.

Талабов инчунин изҳор намуд, ки мисли солҳои пешин арчаҳои солинавӣ дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт гузошта мешаванд.

Лекин ҳоло маълум нест, ки рӯзи 31 декабр дар назди он консерти идона баргузор мешавад ё не. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ҳоло ин масъала мавриди баррасӣ қарор дошта, аз ҷузъиёташ баъдан хабар дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020  бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус ва иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо ин беморӣ, ки тибқи он баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки шумори зиёди одамон манъ шуда буд, дар маркази пойтахт арчаи солинавӣ гузошта нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.