Манбаъ: Тағйирот дар телевизионҳо. Раисони нав дар “Баҳористон”-у “Шаҳнавоз”-у Тв “Сайёҳӣ”

Дар бархе аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радио ба "Азия-Плюс" хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, Дилафрӯз Амирзода аз мақоми мудири телевизиони кӯдакону наврасон – "Баҳористон" озод шуда ва ба симати мудири шабакаи тозатаъсиси  ТВ "Сайёҳӣ" таъйин шудааст. Ба ҷойи Дилафрӯз Амирзода дар ТВ […]

Asia-Plus

Дар бархе аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радио ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Дилафрӯз Амирзода аз мақоми мудири телевизиони кӯдакону наврасон – "Баҳористон" озод шуда ва ба симати мудири шабакаи тозатаъсиси  ТВ "Сайёҳӣ" таъйин шудааст.

Ба ҷойи Дилафрӯз Амирзода дар ТВ "Баҳористон" Ҳамза Маҳмудӣ таъин шудааст, ки то ин вақт мудири мактаби махсуси ҷумҳурявии кӯдакони душвортарбия буд.

Ҳамчунин Бахтовари Сайфулло мудири телевизиони мусиқии "Шаҳнавоз" таъин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тағйирот имрӯз, 25-уми ноябр дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст ва қарор аст чанде пас  қарорҳои марбут нашр шаванд.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ки имрӯз дар баробари тағйирот дар бахши телевизион, ҳамчунин дар сохторҳои неруҳои марзбони, мақомоти додгоҳӣ ва сохторҳои нав ҳам тағйирот сурат гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.