Ашраф Ғанӣ аз фосидтарин чеҳраҳои соли 2021-и ҷаҳон эълон шуд

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) рӯйхати чеҳраҳои сиёсии оламро, ки дар фасод аз ҳама бештар даст доранд, барои соли 2021 эълон кард. Дар ин рӯйхат Александ Лукашенко ҳамчун чеҳраи соли фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ба унвони фосидтарин шахс эълон шудааст.

Раисҷумҳури пешини фирории Афғонситон Ашраф Ғанӣ баъд аз Лукашенко дар шумори финолистҳои ин рӯйхат аст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Ашраф Ғанӣ комилан шоистаи ин ҷоиза аст, зеро ҳам дар фасод ва ҳам дар бекифоятии комил саҳм дошт, ки мардуми худро тарк кард ва дар бадбахтиву марг гузошт. 

Лукашнеко ба унвони фосидтарин чеҳраи соли 2021 ҷоизаи OCCRP-ро ба он хотир бурдааст, ки аз назари муаллифони ин таҳқиқ дар давоми солҳои ҳукумати наздик ба 30-солааш маблағҳои давлатиро ба сарватмандон ва наздикону хонаводааш равона кардааст. Ҳамчунин барои эҷоди буҳронҳои марзӣ бо Иттиҳоди Аврупо, паҳну нашри хабарҳои бардуруӯғ ва доруҳои қалбакӣ дар мавриди коронавирус ва корҳои дигар низ ин унвонро гирифтааст. 

Дар баробари Ашрафғанӣ Башшор Асад, раисҷумҳури диктотури Сурия, Раҷаб Тайиб Ардуғон раисҷумҳури пурсарусадои Туркия ва Себастияш Курз, садри аъзами Утриш (Австрия) низ аз ҷумлаи барандаҳои ҷоизаи "Чеҳраи сол"-и фасод ва ҷиноятҳои  созмонёфта эълон шудаанд. 

 
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки шаш рӯзноманигори таҳқиқгар дар мавриди фасод ин чеҳраҳо таҳқиқ гузаронида ва дар натиҷаи он ба ин тасмим расидаанд. 

Муаллифони ин таҳқиқот Башшор Асадро бо вориди ҷангҳо кардани Сурия ва бо баҳонаи ҷанг дузддани садҳо миллион доллар муттаҳам кардаанд. 

Ардуғонро барои он вориди барандагони ин ҷоиза кардаанд, ки бо истифода аз бонкҳои давлатӣ пулҳои Чинро ба хотири хариди нафти Эрон пулшӯйӣ кардааст. Садри Аъзами Утриш барои он вориди ин рӯйхат шудааст, ки аъзои ҳизбаш бо тоҷирони русӣ қардодҳои маҳрамонае ба имзо расонидаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...