Русия 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро авф кард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мунтазири рӯйхат аст

ВКД Русия манъи вуруди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Русия қонуншиканиҳои ночиз содир намудаанд, бекор кард. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумот дар бораи авфи шаҳрвандонро тасдиқ карданд. “Айни замон масъалаи аз ҷониби Русия пешниҳод шудани рӯйхати пурраи шаҳрвандони “авфшуда”-и Тоҷикистон баррасӣ мешавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон. […]

ВКД Русия манъи вуруди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Русия қонуншиканиҳои ночиз содир намудаанд, бекор кард. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумот дар бораи авфи шаҳрвандонро тасдиқ карданд.

“Айни замон масъалаи аз ҷониби Русия пешниҳод шудани рӯйхати пурраи шаҳрвандони “авфшуда”-и Тоҷикистон баррасӣ мешавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон.

Маълумот дар бораи авфи шаҳрвандони Тоҷикистонро намояндаи ВКД Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров 27 декабр зимни нишасти хабарии худ иттилоъ дод, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар доираи як қатор созишномаҳои имзошуда дар моҳи сентябри соли 2021 ба истилоҳ маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ба онҳо барои содир намудани қонуншиканиҳои начандон назаррас вуруд ба қаламрави Русия манъ шуда буд, – хабар дод Егоров. – Дар чаҳорчӯби ин иқдом 120 ҳазор нафар мавриди авф қарор гирифтанд”.

Ӯ зикр кард, ки акнун ба ҳамаи онҳо вуруд ба қаламрави Русия иҷоза шудааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти маълумот дар бораи манъ ё бекор шудани вуруд ба Русия аз сомонаи Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия маълумот пайдо карда метавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори зиёди муроҷиатҳо ба сафорати Русия дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин масъала дахл дорад.

Қаблан моҳи октябри соли равон раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов изҳор дошта буд, ки ВКД Русия ба вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон иҷоза додааст. Он замон ӯ зикр карда буд, ки шаҳрвандони ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, ҳанӯз 18 август аз пойгоҳҳои маълумот хориҷ шуда, аз ин рӯ, муҳоҷиронро лозим аст, ки худро дар сомонаи ВКД Русия бисанҷанд, ки то ки аз иҷозаи вуруд доштанашон ба ин кишвар огаҳӣ ёбанд.

Дар ВКХ Тоҷикистон шарҳ доданд, ки чизе, ки Коженов ва Егоров хабар доданд, ҳамон як маълумот мебошад.

Дастурамали зина ба зинаи санҷиши доштан ё надоштани манъи вурудро ба Русия аз маводи мо “Бисанҷ, вурудат ба Русия манъ аст? Дастурамали муфассал” дарёфт карда метавонед.

Дар ин мавод бошад, шумо аз чӣ гуна бекор кардани манъи фуруд огаҳӣ меёбед: “Вурудатон ба Русия манъ аст? Онро метавон бекор кард”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.